Ноогоҳиву гумроҳӣ ба куҷо мебарад?

Дар баробари рушду тавсеа ва комёбиҳо дар самти фаъолияти ҷавонон ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки аз тамоюлҳои манфию ғайриахлоқӣ миёни ин қишри аҳолӣ дарак медиҳад. Ба қайд гирифтани ҷиноятҳои мухталиф аз ҷониби ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷомеаи моро ҳаргиз ором гузошта наметавонад.

Мавҷудияти муаммоҳо ба пешрафти ҷомеа ва ояндаи халқи тоҷик албатта, бетаъсир нест. Дар шарҳи ин муаммоҳо костагии ахлоқи ҷавонон, нашъамандӣ, тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона, оворагардӣ, даст задан ба ҳуқуқвайронкунӣ, гаравиш ба гурӯҳҳои экстремистиву террористиро номбар намудан мумкин аст. Ин муаммоҳо доғи рӯз дар ҷаҳони имрӯза буда, аз ҳама хавфноку хатаровари он шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз ин амалҳои номатлуб муаммои сатҳи байналмилалӣ маҳсуб ёфта, беш аз 100 давлати дунёро ба ташвиш овардааст.

Ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундрави экстремистиву террористӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа бо ҳар роҳ тарғиботу ташвиқот бурда, ҷавонони заифирода ва дар чорроҳаи зиндагӣ муаллақро ба доми фиреб мекашанд. Новобаста аз ному барномаҳои гуногун ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мақсаду маром ва ҳадафҳои муғризонаи ягона доранд.

Ин ҳолатро танҳо шахсони ҳушёру зирак, соҳибмаърифат, инсонҳои аз нишебиҳои зиндагӣ бархурдор ва аз таҷрибаи рӯзгору маслиҳатҳои волидайн, олимону шахсони муътабар, донишмандон ва пирони барнодил огоҳ метавонанд, эҳсос намоянд.

Асарҳои илмию оммавӣ ва зиндагиномаи худи Имоми Аъзам, ки мутолиаи онҳо савияи дониши динию дунявӣ ва ҳуқуқии моро баланд мебардорад, аз роҳҳои ифротӣ бозмедорад, иродаи моро дар ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амният ва пойдории сулҳу ваҳдат боз ҳам мустаҳкамтар месозад.

Сиёсати дурбинона ва инсонпарваронаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ҳатто шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳ ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар вуҷуд надошта бошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мегардад.

Тибқи маълумоти таҳлилгарон солҳои охир наздик 1,6 миллион ё 19 фоизи аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд, ки тавассути он маводи зиёди дорои хусусияти ифротӣ ва таблиғкунандаи терроризму экстремизм дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд паҳн мешаванд. Бештари ҳодисаи ҷалб шудани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо тариқи воситаҳои интернетӣ сурат мегирад.

Аз ин лиҳоз, дар ин самт шаклу усулҳои нави корбарии мубориза бо гурӯҳҳои тундравро дарёфт намуда, ба суханҳои иғвоангези онҳо ҷавоби сазовор бояд дод. Ҷавонони мо бояд дар навбати аввал фаромӯш насозанд, ки дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ бо кӣ суҳбат мекунанд ва онҳо чӣ мақсаду ҳадафҳо доранд. Дар ин ва дигар ҳолатҳо танҳо маърифати баланди сиёсӣ, ҳуқуқиву динӣ, равонӣ моро аз зуҳуроти номатлуб дур месозад.

Фаридун Ҳодибоев,
дотсент, мудири шуъбаи
тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh