Дар ноҳияи Спитамен майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад

Дар доираи “1300 рӯзи меҳнати зарбдор”, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят эълон гардидааст, дар ноҳияи Спитамен корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.

Дар қатори дигар намояндагони ҷомеа соҳибкорони ноҳияи Спитамен низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва бо мақсади иҷрои дастуроти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободии ноҳияи худ саҳми арзанда мегузоранд.

Зимни боздиди кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен лоиҳаи бинои панҷошёнаи маркази хизматрасонӣ муаррифӣ карда шуд. Бино ба иттилои масъулин маркази хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд мешавад ва тибқи лоиҳа он дорои меҳмонхона, сартарошхона, ҳаммом, толори варзишиву тарабхона мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз иқдоми соҳибкор хуш истиқбол намуда, изҳори боварӣ намуд, ки теъдоди чунин соҳибкорони ташаббускор дар ноҳия афзун хоҳад шуд.

Сипас, Раиси вилоят дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба бунёди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузошт. Тибқи лоиҳа баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 24 метрро ташкил медиҳад ва атрофи майдон ба ободониву кабудизоркунӣ фаро гирифта мешавад. Иншооти мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохта шуда, пудратчии он ҶДММ “Элегант” мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh