Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад

7 июли соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Дар оғози сафар Раиси вилоят дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Тавре аён гардид, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд хоҳад шуд. Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил мекунад ва дар ин мавзеъ фаввораҳои гуногуну нишастгоҳҳои замонавӣ сохта шуда, тамоми ҳудуди майдон чароғон ва сабзу хуррам гардонида мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода дар ин мавзеъ бо сокинони ноҳия суҳбат намуда, иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои бунёдкорӣ идома дошта, мардум бо руҳияи баланд барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёри худ заҳмат мекашанд.

Раиси вилоят бунёди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро нишонаи эҳтироми сокинони ноҳия ба муқадассоти миллӣ арзёбӣ карда, таъкид кард, ки ҳар як сокини ноҳия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ бояд барои ободии Ватан саҳмгузор бошад.

Сипас, Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ташриф оварда, бо ҷараёни бунёди коргоҳи қолинбофӣ ошно шуд. Зимни шиносоӣ ба  Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Исмоил Самадов бунёд ёфта, дастгоҳҳои он аз  Олмон харидорӣ ва васлу насб шудааст. Коргоҳ имкон дорад дар як шабонарӯз то 180 метри мураббаъ қолин истеҳсол намояд ва баробари ба истифода додани он то 20 нафар бо ҷои корӣ таъмин хоҳанд шуд.

Раиси вилоят аз ташаббуси соҳибкор изҳори хушнудӣ намуда, тавсия дод, ки корҳои боқимонда бо сифати баланд ба анҷом расонида шавад. Раҷаббой Аҳмадзода илова намуд, ки дар бозор миёни истеҳсолкунандагон ҳамеша рақобат вуҷуд дорад ва аз ин лиҳоз бояд ба сифати қолинҳои истеҳсолшаванда ва ороиши он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh