Нафс чун туғён намояд, бартар аз шайтон шавад

Баҳори  соли 1992 дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе рӯ ба рӯйи бинои Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон якчанд деҳотиро аз водии Вахш дидам, ки дар байни кӯча мех зада хайма меоростанд. Аз сӯҳбати эшон пай бурдам ки сатҳи маърифати сиёсиашон ба дараҷаи кофӣ нест ва дастони пуробилаашон аз деҳқон будани онҳо гувоҳӣ медод.

Айни мавсими киштукори баҳорӣ ба ҷои дар саҳро хайма задан, дар хиёбони марказии пойтахти мамлакат сабаби хайма задани ин кишоварзони ғофил аз сиёсат дар чӣ бошад? Побанди андешаҳо ба идораи рӯзномаи “Садои мардум” ки дар бинои Маҷлиси Олӣ буд, омадам ва маводе омода карда таҳти сарлавҳаи “Хайма ба саҳро бизан!” ба котибот супоридам. Аз майдоннишинҳо даъват ба амал оварда шуд, ки фирефтаи найрангҳои сиёсӣ нашуда, пайи корҳои саҳроии худ баргарданд. Ҳамон шабу рӯзҳо остонаи дари бинои Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистонро Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, ё худ эшони Қиёмиддин  ба минбари ғаразҳои сиёсии худ табдил дода суханронӣ мекард.

Пас аз нашри мавод сармуҳаррири нашрияи “Садои мардум” Муродуллоҳ Шерализода аризаи маро оид ба штати корӣ қабул намудан имзо гузоштанд. Ин барои мани хатмкунандаи Донишгоҳи миллӣ, ки таҷрибаомӯзии пешаздипломиро дар идораи газетаи навтаъсиси “Садои мардум” мегузаронидам, мояи ифтихор буд. Аммо гирудори моҷароҳои сиёсӣ авҷ гирифта майдон ба ду тақсим шуд ва 5-уми майи соли 1992 дар саҳни ҳавлии бинои  Маҷлиси Олӣ аввалин сармуҳаррири нашрияи “Садои мардум” Муродуллоҳ Шерализода аз тири дайдуи нохалафони миллат ба ҳалокат расид. Ҷанги шаҳрвандӣ дар водии Вахш аланга гирифт. Ба хирмани умеди мардум оташ заданд. Тирамоҳу зимистони он солҳо хаймаҳои гурезагон дар қаламрави кишвари ҳамсояи Афғонистон  зада шуд. Душанбеи захмхӯрда ба шаҳри умеди ҳамагон табдил ёфт. Гурӯҳ-гурӯҳ гурезагон аз Хатлонзамин аз оташи ҷанг паноҳ ҷуста ба пойтахт меомаданд. Ибтидои солҳои 90-ум, нахустин қадамҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд. Мардум ташнаи сулҳ ва интизори як раҳбари оқили мамлакат буданд.

Тирамоҳи соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ба сифати Сарвари давлат, Раиси Шӯрои олӣ интихоб шудани вакили Маҷлиси Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов оташаки умедро дар қалби мардум фурӯзон намуд. Марҳилаҳои мушкили гуфтушунид бо нерӯҳои мухолифин тадриҷан муҷдаи сулҳро наздик менамуд. Ниҳоят 27-уми июни соли 1997 Созишномаи сулҳ дар шаҳри Маскав ба имзо расид ва ба пойтахти мамлакат пайки сулҳи деринтизор расид.

Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қавли худ устувор истод  ва дар қаламрави Тоҷикистон комилан сулҳу оромиро таъмин намуд. Аз баракати ҳамин сулҳу ваҳдат 21 сол аст, ки кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳода, парчами Тоҷикистон дар назди Созмони милали муттаҳид чун ташаббускори “Даҳсолаи соли амал барои об” партавфишонӣ мекунад.

Фурсати он расидааст, ки дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” хаймаро ба хотири рушди сайёҳии кӯҳӣ дар кӯҳсор занем. Ба муоширати нек, сатҳи олии хизматрасонӣ, рушди инфрасохторҳои сайёҳӣ ба қалби меҳмонони Тоҷикистон хайма занем.

Таърихи ҷанги шаҳрвандӣ  дарси ибрат барои ҷавонон мебошад, то зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи чунин “дингароён”-и шайтонпараст нагарданд ва як умр зери бори доғи хиёнаткорӣ ва бенангиву беномусӣ намонанд. Бандаи нафс  ва зархариди хоҷаҳои бегона набояд шуд, ки шоири классикии тоҷик Соиб  мефармояд:

Сел бекор аст чун аз худ барорад хона об,

Нафс чун туғён намояд, бартар аз шайтон шавад.

Зайниддин Орифӣ

Мудири шӯъбаи иттилоотии Донишкадаи
кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh