Ҳалли муаммои ифротгароӣ дар шароити имрӯз ногузир аст!

Дар ҳошияи суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии

Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар дар Конфронси байналмилалии

сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва

ифротгароии хушунатомез

Чанд сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳаётан муҳими ифротгароӣ дар мубориза аст ва дар силсилаи санадҳои расмӣ, рисолаву мақолаҳо, гузоришу суханрониҳо ва мулоқотҳои сатҳи байналмилаливу дохилии Пешвои миллати тоҷик масъалаи мубориза ба ифротгароӣ мавқеи устувор пайдо кардааст. Дар ин санадҳои муҳим оид ба мавқеи кишвар дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ, ҳифзи сулҳ ва амният дар минтақа, масоили ҳалталаби терроризм, экстремизм, радикализм ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ хеле ҷиддӣ ва усулӣ сухан ба миён гузошта шудааст. Аз ҷумла, дар ин робита вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон низ дар чашмандози Пешвои миллии мо чун фишанги мубориза бо ифротгароӣ борҳо мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст.

Мушоҳидаҳои Пешвои миллат имрӯз ба равшанӣ ин натиҷаро ба зеҳни мо мерасонад, ки барои миллати тоҷик ифроту ифротгароӣ ҳаргиз хос набудаву нест. Аз ин рӯ, ба созмону иттиҳодияҳои ифротию тундгаро пайвастани иддае аз ҷавонон маҳсули  сатҳи пасти маърифати сиёсию заъфи худшиносии миллӣ  ва ноогоҳии динист, ки пушаймонӣ  ба бор хоҳад овард. Дар «Чеҳраҳои мондагор» – китоби арзишманди Пешвои миллат чунин мехонем: «Тоҷикон, ки дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ бисёр давраҳои печидаву мушкилро пушти сар кардаанд, дар ҳамаи давру замон аз таҳаммулгароӣ ва маслиҳату муколама кор гирифта, борҳо собит сохтаанд, ки бо роҳи зӯрӣ ҳал кардани мушкилоту низоъҳо ва ба ҳам муқобил гузоштани  ҷаҳонбиниву ақидаҳои мухталиф метавонад на танҳо сабабгори фасоди ахлоқ ва халалдор гардидани фарҳангу тамаддунҳо, балки шикасти давлатҳо низ гардад».

Конфронси илмии байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки ба наздикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, аҳамияти мубрами ин мавзӯъро бори дигар дар чашми аҳли башар ва ҷомеаҳои башарӣ ба таври равшан ошкор кард.  Ин тадбир ҳамкории кишварҳоро дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мусбат арзёбӣ кард ва ҷонибдору ҳавасманди густариши равобити гуногунҷанба дар ин арса будани Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар исбот гардид.

Суханронии Пешвои миллат дар ин конфронс барномаи яклухт ва томравои роҳи рушди раҳоӣ аз бӯҳрони ифротгароӣ маҳсуб ёфта, дар он бо таҳлилу нақд ва баррасии вазъи ногувори ифротгароӣ дар ҷомеаҳои башарӣ масъалаи дар сатҳи ҷаҳон ва минтақа пурзӯр шудани ҳамкории шарикӣ бо мақсади таъмини сулҳу субот ва амнияти фарогир ба воситаи андешидану чорасоз кардани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо чун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок хеле муҳим арзёбӣ шудааст.

Дар ин конфронс Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар ширкат дошт ва оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез суханронии ҷолиби таваҷҷӯҳе ироа кард. Ин суханронии хеле усулӣ буда, бо бардошт аз равандҳои ҷомеаи башарӣ ироа шудааст. Суханрон дар баррасии мавзӯи мазкур ба паҳлӯҳои хеле ҷолиби таваҷҷӯҳ ишора намуд ва бори дигар нақши Тоҷикистонро дар ҳаллу фасл ва тадбирҷӯии ин қазия муҳимму мондагор арзёбӣ кард. Мавсуф қаблан ҷомеаҳои ҷаҳониро аз аҳамияти хосаи байналмилалии мубориза бар зидди ифротгароӣ ҳушдор медиҳад ва ба натиҷае мерасад, ки «афзоиши таҳдиди ин вирус ба ҳаёт ва арзишҳои мо чунон аст, ки ин ҷамъомад қариб дар тамоми ҷаҳон муҳим маҳсуб мешавад. Тоҷикистон бомуваффақона мубориза бурд, ғалаба кард ва мавҷи терроризмро барҳам дод ва ин корро дар даврае, ки яке аз даҳсолаҳои хатарноктарин мешуморам, ба анҷом расонид».

Номбурда бо қоил шудани баҳои баланд ба мақоми кишвари мо ва эътирофи мавқеи байналмилалии он дар қазияи ифротгароӣ ҷанбаҳои мухталифи мавзӯъ, омилҳои паҳншавии ифротгароӣ ва дасти пурқуввати қувваҳои тавонмандро дар устувории пояҳои ифротгароии минтақавӣ ва ҷаҳон баррасӣ карда, аз ҷумла навиштааст: «Манфиатҳои пурқувват, ки аксар вақт аз ҷониби давлат пуштибонӣ меёфтанд, барои омӯзишҳо ва гурӯҳҳое ба монанди «Толибон», «Ал-Қоида» ва филиалҳо, барои паҳн кардани бесарусомонӣ дар минтақаҳои мавриди ҳадаф сафарбар карда мешуданд. Тоҷикистон, ки бо чолиши худ рӯ ба рӯ шуда буд, ба ном Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки миёни он ҳизби наҳзат буд, истило кард. Мо бояд маънои ин дастовардро эътироф ва дарк намоем. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон пеши роҳи сироятёбиеро, ки метавонист тамоми Осиёи Марказиро мубтало карда, бо шарикони идеологӣ то баҳри Каспию Сиёҳ ва Левантеву Ироқ мепайваст, гирифт. Ман нозукписанд нестам. Таърих моро сабақи ҷиддӣ меомӯзад: вақте ки ягон чизе ғалат меравад, метавонад аз назорат барояд».

Равшан аст, ки Тоҷикистон дар ин чашмандоз ба ғалату иштибоҳ роҳ надодааст. Аз ин ҷост, ки вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон, барҳақ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, «қудрати қувваҳои амниятии ӯ ва рӯҳияи мардуми тоҷикро барои роҳ надодан ба табдилёбии чолиши хатарнок ба фоҷиаи идоранашаванда, ки талафоти зиёд диданд», табрик намудааст.

Дар ин баррасиҳо чеҳраи сиёсатмадори Ҳиндустон ба сифати равандшиноси воқеии моҳияти равандҳои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон пеши назар омада, ӯ бо нигоҳи ҷиддӣ ва бо такя ба таҷрибаҳои ҷангҳои пешин ба мушкилоти аз байн бурдани муноқишаҳо ишора мекунад ва таъсири манфии пайдоиши гурӯҳҳои нави пешоҳанг ва муташаккилро ба ҷомеаи башар гӯшрас менамояд: «Гирдбоди ин муноқишаи ҷаҳонӣ Афғонистон, ки мардуми он ҳамарӯза далерии қаҳрамонона дар воқеаи баъди ҳодисаҳои доимӣ нишон медиҳанд, ки чӣ гуна онҳо бо душмане, ки аз ҷониби роҳбаронашон дастгирӣ ва паноҳгоҳ меёбанд, дар муборизаҳои беамон мубориза мебаранд, боқӣ мемонад. Дунё бояд касонеро ҷонибдорӣ намояд, ки бо хуни худ онро муҳофизат мекунанд».

Нуктаи дигар дар чашмандози Ҷаноби Шрӣ таснифоти ҷанбаи сегона дар чигунагии ҷанги дарозмуддат ва мушкилоти ҳаллу фасли муаммоҳои терроризм ҷолиби диққатанд ва дар ҳалли қазия ба тамоми кишварҳо муфид ва созгоранд. Аз ҷумла, дар шарҳи ҷанбаи аввал сафарбар шудани хадамоти амнияти ҳар ҳукумати ҳуқуқбунёд дар ин самт ба ҳадди қобилият таъкид шудааст. Ҷанбаи дувумро мунаққиди дурбини сиёсӣ нозуктар аз ҳама дониста, онро «майдони ҷанг дар шуур» таъбир мекунад, ки «дар он тухми ифротгаро шудан бо инкори зиёд аз ҷониби шахсони ба гумроҳӣ оваранда, ки худро чун роҳбар мешуморанд, кошта мешавад». Аз ин рӯ, таҳлилгар қотеона тақозо дорад, ки «бояд ба ин ҷонибдорони миссияҳои худкушӣ ва ҳимоятгарони бесарусомонӣ бо далерии эътиқодамон ҷавоб диҳем. Канорагирӣ, гузашт ва ҳатто овози паст танҳо терроризмро бардурӯғ сафед мекунанд».

Аввалан, ин нуктаро мақомдори соҳибназари ҳукумати Ҳиндустон равшан изҳор кардааст, ки «кишвари мо ҳизби наҳзатро бидуни шарту шароит чун ташкилоти террористӣ манъ кард». Ин қарори Тоҷикистон, бидуни шубҳа, «вокуниши диалектикӣ» аст. Мавсуф мафҳуми «наҳзат»ро сохта медонад ва чун мусулмон, ки ба таваллуди Ислом бовар дорад, таваллуд онро аз Худованд ва наҳзати қалбакиро кори одамони гумроҳ мешуморад. Тибқи ин «Худованд Исломро қосиди сулҳ офаридааст. Ин одамони бадгумонанд, ки Исломро ба воситаи асбоби ҷанг табдил додаанд. Худованд Исломро ба эътимоди плюрализм табдил дод… роҳбарони гумроҳи наҳзатӣ имонро ба зулми одамони дигар дину эътиқод табдил додаанд».

Сиёсатмадори ҳиндӣ дар шарҳи ҷанбаи севуми қазияи ифротгароӣ, ки марбут ба омилҳои иқтисодӣ аст, нуктаҳои боз ҳам ҷолибтаре пеш мегузорад. Аз диди мавсуф «кӯшиши марказии ҷавонон дар асри 21 некӯаҳволии баробар мебошад. Агар баробарии иқтисодӣ набошад, бояд ҳадди ақал адолати иқтисодӣ бошад. Ин ҷавоби дақиқ ба радикализатсия аст». Дар ин назар моҳияти суханони сарвазири кишвари худ Нарендра Модиро ҷой дода шудааст, ки мегӯяд: «Якҷо мемонем ва якҷо рушд мекунем».

Ҳамин тавр, аз назари сиёсатмадори ҳиндӣ таҷрибаи Тоҷикистон дар заминаи муқовимат алайҳи ифротгароии хушунатомез хеле ҷолиби диққат аст ва тибқи бардошти ӯ тарроҳони тоҷикистонии модели муқовимат «дар фикру рафтори худ равшании намунавӣ нишон доданд». Чунон ки дида мешавад, пешниҳодҳои вазири корҳои хориҷии кишвари Ҳинд оид ба ҳамкорӣ оид ба нест кардани «терроризми фаросарҳадӣ» хеле муҳиманд…

Субҳони Аъзамзод,
мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
номзади илмҳои филологӣ

Add comment


Security code
Refresh