Дар ҳифзи фарҳангу тамаддуни хеш содиқ бошем

Дар ҷомеаи муосир, алалхусус, дар мамлакатҳои мусалмоннишин ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият карда истодаанд, ки дар байни мусулмонон тафриқа эҷод намуда, боиси парокандагӣ ва дар натиҷа сар задани ихтилофоти ҳизбию мазҳабӣ гардидаанд. Ин тоифа бо гумроҳ сохтани оммаи мусалмон ва, хусусан, насли ҷавон аз ақидаи гуногун истифода менамоянд.

Чунин як ҳизб дар Тоҷикистон бо номи наҳзат дар асри гузашта хуруҷ карда буд.

Имрӯз низ пайравони ин ҳизби мамнӯъ пайи ҳадафҳои нопоки худ аст. Баъзе ҷавонони фиребхӯрда ва дунболарави ин ҳизб машuули ихтилофу кинаандӯзӣ мебошанд. Амалҳои солҳои навадуми асри гузашта анҷом додан ин ҳизб боиси ба гурӯҳҳо ҷудо шудани мусулмонон ва дар ин замина сар задани муноқишаҳои дохилӣ гардида буд.

 Мардуми тоҷик он рӯзҳои мудҳиши гузаштаро фаромӯш накардааст, шукронаи тинҷию оромии даврон ва сулҳу субот менамояд. Имрӯз дар пешрафту тараққиёти мамлакатамон ҳамагон бояд саҳмгузор бошем. Зеро қатра ҷамъ гардад, ба дарё мубаддал мешавад.

Ҳар кас бояд ба Ватану миллати худ содиқ, дар ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода буда, нангу номуси ватандорӣ дошта бошад. Чанд сол пеш пайравони ҳизби террористии наҳзат, ба гуфтаҳои хоҷагони хориҷии худ кӯр-кӯрона амал намуда, миёни мардуми мусулмони тоҷик ихтилоф эҷод намуданд. Маблағҳои муфти хоҷагонашонро барои нооромии Ватани хеш сарф намуданд. Дар натиҷа кор то ҷое расид, ки мардум якдигарро дашному таҳқир медоданд. 

Имрӯз аҳли ҷомеаи мо, хусусан, ҷавононро зарур аст, ки қадру қимати сулҳ ва ваҳдатро дарк намуда, аз фирефта шудан ба ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ худро ҳифз намоянд. Гузаштагони мо фарҳанги волои миллати тоҷикро то имрӯз ҳифз ва ба ҷаҳониён нишон дода омадаанд. Ҳамзамон, мо насли ҷавон вазифадорем, ки дар ҳифзи фарҳангу тамаддун, Ваҳдату Истиқлолият ҷонфидо бошем ва ба наслҳои ояндаи хеш боқӣ гузорем.

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh