Нақши пешсаф

Ноилшавӣба ҳадафҳо

Ҷомеаи миллии мо – дар мафҳуми умум кишвари соҳибихтиёрамон ба истиқболи ҷашни комили худ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фараҳу шодмонӣ ва ифтихормандии хос ҳадафмандона меравад. Мо баъди се соли дигар ба камолоти сисолаи соҳибистиқлолӣ мерасем. Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ мо ба бисёр мақсадҳои неку наҷиб мушарраф гардидем. Дарозои ин солҳо аз файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар кишварамон фазои хушу гуворои осудагӣ ва амну амонӣ файзбору нусратбор аст.

Дар давоми ин солҳои рангину тароватбор кишварамон дар меҳвари сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафи «дарҳои кушода» расида, ҳамкориро бо ҳамаи давлату мамлакатҳои сулҳхоҳ ба роҳ монда, ба рушду тараққиёт ва пешрафти босуботу қиёснопазири иҷтимоиву иқтисодӣ мушаррафу шарафёб гардид. Беш аз ин тавонист тавассути пойдориву тақвияти ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои эътиборманд дар ҳалли мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ пешсаф, пешоҳанг ва боэътибор бошад.

Пешвои миллатамон, Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон маротибае чанд аз минбари бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид баромади бунёдӣ намуда, масъалаи доғи мардуми сайёра – мушкилоти дастрасиро ба об дар назди давлатҳои муқтадири ҷаҳон алоҳидаву мушаххас гузоштаанд.

Аз соли 2003 то 2015 дар миқёси ҷаҳон ташаббусҳо ва иқдомҳои башардӯстонаи Президентамон, Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эълом доштани Соли оби тоза, Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», Соли байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об ва тадбирҳои дигари вобаста ба ин масъала ба орзуву ормон ва мақсаду мароми ҳаёти мардуми ҷаҳон, ҳамчунин Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид мувофиқату мутобиқат менамоянд ва аз тарафи Маҷмааи кулли СММ ва аксари кулли кишварҳои ҷаҳон қабулу пазируфта шудаанд.

Инак, ташаббусу иқдоми наву навбатии Пешвои миллатамон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки рӯзи 22-уми марти соли равон - дар Рӯзи умумиҷаҳонии об мавриди амал қарор гирифт ва дар ҳамин рӯз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардид, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои об ва пешбарии Ҳадафҳои навбатии рушди устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ мусоидат менамояд. Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар доираи роҳандозии рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид, рӯзҳои 20 - 22-юми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалиро оид ба масъалаҳои об баргузор менамояд. Ин тадбири бонуфуз дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваст.

Дар суханронии худ Пешвои миллатамон дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028» изҳор намуданд: «…захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастаҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад».

Яъне, ин масъалаи глобалӣ ва ҳалли муваффақонаи он фаъолияти пурвусъатро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ металабад. Биноан, ташаббус ва пешниҳоди башардӯстонаи Пешвои миллатамон роҷеъ ба Даҳсолаи байналмилалӣ, ки ҳадафи он ҳамкорӣ ба хотири дастёбӣ ба идоракунии устувор ва истифодаи оқилонаи захираҳои об аст, роҳ пеш гирифта шудааст. Аз ин пеш ҳам ва оянда ҳам кишвари соҳибистиқлоламон тавассути талошҳо ва ташаббусҳое чун «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005 - 2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» корҳои зиёд, амалҳои нек ва фаъолияти густурдаеро ба анҷом расонида тавонист, ба назари ҳама равшан маълум асту дилҳо эҳсоси саршор доранд.

Ба ёд меоварем: рӯзҳои нимаи аввали моҳи июни соли гузашта Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш, ки барои ширкат дар Ҳамоиши байналмилалӣ оид ба рушди устувор, вохӯрӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон омада, изҳор дошта буд: «Шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин кишвари зебо ва табиати нотакрор доред».

Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳамчун кишвари иштирокчии Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028» шинохтаву эътирофи ҷаҳонӣ гардидааст.

Пешвои миллатамон дар суханрониашон диққати иштирокчиёни чорабинии бонуфузи сатҳи баландро ба ҷой доштани масоили бузург ва омилҳое ҷалб карданд, ки аз инҳо таркиб ёфтаанд:

Якум – тағйирёбии иқлим, ки ба миқдор ва сифати захираҳои об таъсиргузор аст.

Дар ин раванд Пешвои миллат таъкид намуданд: «Дар давоми якчанд даҳсолаи охири асри ХХ мо дар Тоҷикистон зиёда аз 1000, яъне тақрибан 30 фоизи пиряхҳоро аз даст додем ва ин раванд босуръат идома дорад.

Танҳо пиряхи аз ҳама бузурги қитъавии Федченко дар ин муддат ба андозаи як километр хурд ва масоҳати он то 11 километри мураббаъ кам гардид ва ҳаҷми яхи худро беш аз 2 километри мукааб аз даст дод».

Дуюм – ин афзоиши аҳолӣ ва талабот ба захираҳои об мебошад, ки вазифаҳои нав ва мураккабро пеш меоварад.

Сеюм – ин ҷанбаи гендерии масоили об аст, ки бояд дар назар гирифта шавад, - таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати иқдоми Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028» дар он айём – яъне 22-юми марти соли равон аз минбари воломақом нахустин шуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи нави байналмилалӣ суханронӣ намуданд. Ташаббусҳо, иқдомҳо ва амалҳои тозаву нав ҳамеша аз лаҳзаҳои пурҳаяҷону пурғановат саршор аст.

Ҳамон лаҳза Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳузури хеш Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028»-ро расман оғоз бахшиданд, ки ҳоло татбиқи ин ташаббуси Тоҷикистони азизамон дар тамоми сайёра оғоз гардида, пару бол кушодааст.

Ҳамин тариқ, дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иқдоми эъломи даҳсолаи нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҳам чун ташаббусҳои қаблӣ ба нафъи аҳли башар равона гардидааст, баҳои баланд гирифт, ки, албатта, боз як гувоҳи равшани афзудани нуфузу эътибори кишвари биҳиштосои мо ва Сарвари хирадманду башардӯсти он дар арсаи ҷаҳон мебошад.

Ташаббусҳои Пешвои миллатамон, Президенти муҳтараму муаззамамон ташаббусҳои бобароранд, иқдомҳои бунёдианд.

Об, ки неъмати муқаддас аст, ҳар инсонро мебояд аҳамияти об – захираи муҳими ҳаётиро, ҳифзи онро азизу мукаррам донад.

Ҳаким Носири Хусрав фармудааст:

Ҳамчунон чун тани мо зинда ба об асту ҳаво,

Сухани хуб дили мардумро об асту ҳаво.

Об нуру сафо, неъмати бебаҳо аст, ки замину замонро ранг бахшад, тароват бахшад, инсонро ҳаловат бахшад.

Сайидои Насафӣ гуфтааст:

Заминаш рехта аз мармари яшм,

Тамошо бар заминаш дӯхта чашм…

Тоҷикистони биҳиштосои мо табиати зебои нотакрори ба худ хос дорад. Кӯҳҳои сарбафалак, обҳои мусаффо, ширину нуқрафом дорад.

Пешвои миллатамон, Президенти муҳтарами миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусси бунёдии худ оид ба муаммои ҷаҳонии об ва суханҳои пурқиммату пурҳикматашон дили мардуми ҷаҳонро нуру сафои рӯзгор бахшидаанд.

Ботинан шод, чашмон гувоҳӣ медиҳанд...

Рӯзҳо пур аз навигарӣ, созандагии ҷомеаи миллии мо, Истиқлолияти давлатии мо, Ваҳдати миллии тоҷикистониён бештар бошукӯҳ ҷорӣ мешаванд, тавре ки офтоб бар сари ҳамаи наботот, дашту даман, саҳрову боғистон нур пошида, аз нури худ ғизо бахшида мегузарад, ташаббус ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Президентамон дар рӯзгору ҳаёти воқеии мардуми диёрамон ҳамин тавр ғизо, нур, нерӯ ва илҳоми кору меҳнат, эҷоду бунёдсозӣ нақш мегузоранд.

Ҳама рӯзҳои фаслҳои соли тоҷикон пурҷӯшу хурӯш асту ҳамин хел мегузарад. Пайғом медиҳад: ҳама ботинан шоду масрур, ҳама комёбиҳои нек, оромии кишвар, дилпурӣ ба фардои боз ҳам дурахшонро чашмон гувоҳӣ медиҳанд. Дар адабиёти бадеӣ як тамсиле ҳаст: - ҳеҷ як боғбони ҳақиқӣ, асил ва дилсофу дасткушод дарахтро барои хушк кунонидан намешинонад бар замин.

Кори бомуваффақият истироҳат аст, - мегӯянд дар урфият. Дигаргуниҳое, ки дар Тоҷикистони соҳибихтиёрамон рӯй медиҳанд, дар амал ҷорӣ мешаванд, беқиёсанд, ҳоҷати муқоиса надоранд. Ин аз чист?

Охир дар фазои беғубори кишвар, дар сар то сари Тоҷикистони биҳиштосоямон мурғи сулҳу амонӣ, дӯстиву ҳамгироӣ ба парвоз аст. Фаровонӣ ва арзонии анвои нозу неъматҳо ҳаст. Чӣ қадар кӯрнамак ва кӯтоҳандеш бояд буд, ки қадри ҳамин хел замонаро надониста, кирдори малъунона содир кунем? Ба кори хайр камар бандем!

Пешвои миллат муҳтарам Президентамон дар сафарҳои расмӣ дар кишварҳои дури хориҷа ҳангоми мулоқоту суханрониҳояшон пайваста, вобаста ба ҳалли масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу субот, аз ҷумла дар кишвари Афғонистон, мубориза, ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои густурда алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароӣ изҳори назар ва андеша менамоянд.

Ташаббуси пурвусъати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар самти ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об саҳифаи наверо зам намуд. Ин факт аст, ҳақиқати воқеӣ дар миқёси башар аст.

Зеро тамоми самтҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об зич алоқамандӣ доранд. Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Ин ҳам факт аст, ҳақиқати воқеӣ аст.

Дар доираи ташаббусҳои некбинона доир ба об ва захираҳои об Тоҷикистони азизи мо таҷрибаи арзишманде дорад ва онро барои мардуми ҷаҳон баҳрабардорӣ менамояд. Ин эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаандӯзӣ аст.

Пешвои миллатамон дар ҳамон ҳамоиши бонуфуз изҳори андеша намуданд: «Тоҷикистон тайи понздаҳ соли охир барои ҳалли масоили дастрасӣ ба обу беҳдошт қариб як миллиард доллари амрикоӣ сарф кардааст. Дар натиҷа Ҳукумат дар панҷ соли охир дастрасии тақрибан 1,2 миллион нафарро ба оби ошомидании босифат ва 600 ҳазор нафарро ба оби ошомидании бехатар таъмин гардонид».

Расидан ба рушди устувор ин шукуфоӣ аст, ин пояи эътимод аст, раванди густариши ҳамкориҳо аст. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз лиҳози захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз рӯйи тақсимоти онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Ин магар боиси ифтихору шарафмандӣ ва худогоҳӣ нест?!

Мардуми тоҷик, кишвари Тоҷикистон шоистаи ҳусну ҷамоли ботинӣ буда, соҳибанъана ва соҳибтамаддунанд.

Боиси ифтихору сарфарозии ҳар фарди Тоҷикистони соҳибихтиёр аст: Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш аз тамошои табиати зебову нотакрору файзбахши кишварамон, дидани кӯли Сарез ба ваҷд омад ва ба мардуми Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Асоси ҳамаи ин меҳру муҳаббат ба Ватан, хоку оби диёр аст, нуфузу эътибори иқдомҳову ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Президенти азизамон дар дохил ва дар арсаи умумибашар аст.

Мухтори АБДУЛЛО,
Файзулло АТОХОҶАЕВ,
аъзои Иттиҳоди
 рӯзноманигорони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh