Ду боли як иқбол

Ваҳдат барои халқи тоҷик яке аз арзишҳои муқаддас, муҳим ва аз дастовардҳои беҳтарину камназири  даврони истиқлолият ба шумор меравад.  Воқеан, ваҳдат баробари вожаҳои Истиқлолият, Ватан, Модар, Сулҳ муқаддас буда,  барои миллати мо ба осонӣ муяссар нагардидааст. 

Ин дастовард натиҷаи заҳмат ва саъйу талоши онҳоест, ки ба хотири аз байн нарафтани миллату давлат, таъмини суботу оромӣ, сулҳу ваҳдат  дар кишвар  ҳама кори имконпазирро ба анҷом расониданд. Бояд таъкид кард, ки  «Созишномаи  умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» фарогири 9 санади муҳим  мебошад, ки дар давраҳои гуногуни гуфтушунидҳо ба имзо расидаанд.

Таърих  дурустии санадҳои қабулшуда ва пеш гирифтани роҳи сулҳу ваҳдатро собит сохт. Зеро дар натиҷаи Ваҳдати миллӣ сохторҳои давлатӣ эҳё гардида, зиёда аз як миллион гурезаи тоҷик аз Афғонистон ба Ватан баргардонида шуданд. Агар Ваҳдати миллӣ намебуд, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастани халқи тоҷик мушкил гардида, миллати мо шояд аз шоҳроҳи тамаддун ва пешрафту тараққӣ дар канор монда, дар пайроҳаи танги таърихӣ қарор мегирифт. Албатта, ин роҳи бебунёду сарбастае мебуд, ки ҳаргиз моро ба саодати воқеӣ  намерасонид.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди худшиноси ҷомеаро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати умумимиллӣ бирасанд ва масъулият дарк намоянд.

Имсол тантанаҳои ҷашнӣ ба хотири таҷлил аз 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ  дар Канди бостонӣ  бо иштироки Пешвои миллат, баргузор гардид.  Хабари ташрифи Сарвари давлат  заминае барои  боз ҳам ободу зеботар гардидани ин шаҳри куҳанбунёду ҳамешаҷавон  ва  боиси шодмонии мардум шуд. Сокинони меҳмонннавоз ва сарбаланди Конибодом ташрифи  меҳмононро аз тамоми гӯшаву канори кишвар  бо чашмони пурмеҳр  интизор  буданд.

Раҷабзода Иброҳим Бозор,
муовини сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом,
подполковники милитсия

Add comment


Security code
Refresh