Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ
- Details
- Published on Wednesday, 04 July 2018 14:21
Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ муҳимтарин омили рушди ҷомеа ва таъмини фазои ҳукмрони сулҳу субот маҳсуб ёфта, он мусоидат ба азму талоши ватандӯстӣ ва ободу зебо гардонидани кишвар менамояд.
Имрӯз дар шароити истиқлолияти давлатӣ, махсусан зарурат ва аҳамияти бузурги Ваҳдати миллӣ эҳсос мешавад. Чунки, барои ҳар як халқу кишвар соҳиб шудан ба Истиқлолият кори осон набошад ҳам, муҳофизат ва ҳимояти он мушкилтар аз он аст. Ҳифзи истиқлол ва Ваҳдати миллӣ аз ҳар як сокини кишвар ҷаҳду талошҳои зиёд, маърифатнокӣ ва фарҳанги сиёсии волоро тақозо менамояд.
Барои Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ ноил гардидан ба истиқлолияти давлатӣ осон даст надод. Умед буд, ки дар шароити нави таърихӣ барои таҳкими Ваҳдати миллӣ беш аз пеш шароити мусоид фароҳам меояд, вале, мутаассифона, дере нагузашта дар кишвар ихтилофу низоъҳо, моҷароҳо боло гирифтанд.
Ин ҳолати вазнин чораҳои муассире талаб менамуд, ки моҷарои таҳмилиро итмом бахшад, Ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро таъмин намоянд. Бо назардошти дарки зарурати таърихӣ Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, дар он масъалаҳои муҳими ҳаёти мамлакат, аз ҷумла интихоби роҳбари нави сиёсӣ, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳи комил баррасӣ шуданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо аксари кулли раъйи оммавӣ қабул ва дар он арзишҳо, принсипҳо ва меъёрҳое дарҷ гардидаанд, ки асосҳои ҳуқуқии Ваҳдати миллиро муайян менамоянд. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф шудааст ва мардуми Тоҷикистон сарфи назар аз миллат шаҳрвандони кишвар дониста шудаанд.
Баъди қабули Конститутсия то ба имрӯз қонунҳое ба тасвиб расидааанд, ки заминаҳои ҳуқуқии ваҳдатро тақвият ва таҳким бахшиданд. Аз ҷумла, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997), Санади ҳамдигарбахшӣ (10 июли соли 1997), Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (01 августи соли 1997, № 485), Қонунҳо дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ, интихобот ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, тағйирот ба Конститутсия соли 1999-ум ва таъсиси парлумони думаҷлиса - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон заминаҳои нави ҳуқуқии ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварданд ва онро тақвият доданд.
Ҳамин тавр, кулли дастовардҳои кишвар маҳз ба туфайли дар мамлакат пойдор будани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ аст.
Гулчеҳра ҒОИБНАЗАРОВА,
ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд