Раҷаббой Аҳмадзода номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд

Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

22 июни соли 2018 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум доир гардид. Дар иҷлосия муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони вилоят, соҳибкорон ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, дар он 7 масъала мавриди баррасии вакилони халқ қарор гирифт.

Аз рӯи масъалаи якум вакилони халқи вилоят ваколати вакилии вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷумро аз ҳавзаҳои интихоботии «Пахтакор», №50 Ашӯрзода Раҷаб Рӯзӣ, «Куруш», №56 Шарифзода Фирдавс ва «Хистеварз», №63 Очилов Дадо Икромовичро тасдиқ намуданд.

Дар иҷлосия муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ роҷеъ ба вазифаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар партави Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 «Дар бораи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуд. Мавсуф зикр дошт, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ҳамчунин барои бо дастовардҳои шоистаи меҳнатӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ истиқбол гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва вусъати омодагиҳо ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъйу талош меварзанд.

- Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми мо неъмати бебаҳои таърихӣ маҳсуб ёфта, дар амалӣ гардидани орзуму омоли мардум нақши муҳим дорад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 «Дар бораи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар ин замина ба тасвиб расидани Амри Раиси вилояти Суғд моро вазифадор месозад, ки дар амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат боз ҳам аҳлона кору фаъолият намуда,тамоми донишу малака ва имкониятҳоро сафарбар намоем, то солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди умумихалқӣ табдил ёфта, дар ин ҷода корҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ ба анҷом расонида шаванд, - зикр намуд Назира Ғаффорӣ.

Доир ба ин масъала вакилон Расулзода Дилшод – аз ҳавзаи интихоботии «Навобод», №12, Муҳаммадзода Маъруф – аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда», №2, Ҳакимова Карима – аз ҳавзаи интихоботии «Ворух», №11 ба сухан баромада, бобати вусъати корҳои созандагӣ ва ободонӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар партави Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фикру андешаҳои судманд иброз доштанд.

Дар иҷлосия вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Навгилем», № 13 Эрматов Абдуманнон оид ба иҷрои ваколати вакилиаш ҳисобот дод.

Ҳамзамон, дар иҷлосия масъалаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети вилоятӣ, оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, як қатор қарорҳои Раиси вилояти Суғд тасдиқ гаштанд.

Дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум ҳамзамон, масъалаи пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд, № 2 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Роҷеъ ба ин масъала вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят Зариф Назирӣ аз ҳавзаи интихоботии «Ғозиён», № 3 ва Муаззамхон Ансорӣ аз ҳавзаи интихоботии «Вору», №28 ба сухан баромада, таклиф намуданд, ки ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд, № 2 номзадии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пешниҳод гардад. Ин пешниҳод аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Овоздиҳӣ пӯшида ва шаффоф доир гардида, вакилон якдилона номзадии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд, № 2 пешбарӣ намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода барои ин боварӣ ба вакилон изҳори сипос намуда, изҳор дошт, ки бо саъйу талоши комил, бо садоқатмандиву фидокорӣ бобати амалӣ шудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят хидмат хоҳад намуд. Воқеан ҳам Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки аз мактаби сиёсии Пешвои миллат бархурдор аст, дар як муддати кӯтоҳи роҳбари вилоят будан бо азму талоши нек дар самти таҳкими корҳои созандагиву ободонӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии вилоят иқдом ва амалҳои шоистаро роҳандозӣ намуд.

Мухтори АБДУЛЛО,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh