МАВҚЕИ ШАҲРВАНДОНИ МАМЛАКАТ БАР ЗИДДИ ТЭТ ҲНИТ АСТ!

Пайдост, ки мақсади ҳамаи ҳизбҳо ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ва ба хости худ идора намудани давлат аст. Дар ин муносибат ҳизбҳои динӣ ҳеҷ гуна ҳадафи воқеӣ дошта наметавонанд, чунки онҳо дар бораи саодати иҷтимоӣ сухан гӯянд ҳам, аммо моҳиятан механизми онро надоранд. Чунин механизмро сохта ҳам наметавонанд, зеро дар сарчашмаи онҳо, саодати иҷтимоӣ аз ҷиҳати илмӣ асоснок гардонида нашудааст. Дар баробари ин ҳадафҳои ҳизбҳои динӣ аз воқеият дуранд. Аммо ғайричашмдошт онҳо метавонанд дар таблиғи ақидаҳояшон муваффақ гарданд ва дар байни мардум тавсеа ёбанд.

Мисоли равшани ин гуфтаҳо, фаъолияту рафтори ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби нащзати исломии Тоҷикистон мебошад, ки солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат мардуми худотарсу худоҷӯй ва содаи ҳамватанони моро фиреб дода, ба майдонҳо овард. Натиҷаи чунин маккории наҳзатиён буд, ки ҷомеаи мо ба аланги ҷанги бародаркуш кашида шуд. Оиди зарари моддии ин ҷанг аксарият медонанд. Лек то соли 2015 на ҳар сокини кишвари мо медонист, ки гунаҳкори асосии ҷанги шаҳрвандӣ маҳз ТЭТ ҲНИТ мебошад.

 Хиёнати дигари наҳзатиён дар он буд, ки солҳои 90-уми асри гузашта ин созмони террористию экстремистӣ боз найрангҳои худро ба кор бурда, мардуми тоҷикро, ки дар кишвари Афғонистон гуреза буданд, фиреб дода, кӯшиш мекард ба муқобили ҳукумати конститутсионӣ сафарбар намояд. Худи саркардаҳои ин ҳизб, Муҳиддин Кабирӣ низ яке аз онҳост, аз тангии шароити зисти муҳоҷирон истифода бурда, онҳоро ба роҳи рости худ ҳидоят намудааст. Ва аз ин роҳ даромадҳои бедарди миёнро соҳиб гардидааст, ки ҳамагон нағз медонанд. Дар асл, мақсади наҳзатиҳо ғасби ҳокимияти сиёсӣ дар кишвар ва ҷамъоварии сарват буд. Пас аз он ки соли 2015 ТЭТ ҲНИТ кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуд ва ба як қатор ҷиноятҳои сангин даст зад, ин созмон бо қарори Додгоҳи Олии мамлакат манъ гардид. 

Ин ҷо зикр намудани чанд омилеро, ки сабаби ташаккули ҳизбҳои динӣ, аз қабили ТЭТ ҲНИТ гардидаанд, зарур мешуморем. Ҳизбҳои динӣ дар ҷомеаҳои мутамаддин, ки мардумаш аз фарҳанги баланди сиёсӣ ва иҷтимоӣ бархурдор аст, ба вуҷуд намеоянд. Инсонҳои соҳибфарҳанг аз фиреби назари мазҳабиёни мутаассиб ба хубӣ огоҳ мегарданд ва дар ин гуна ҳизбҳо кафолати наҷотро намебинанд. Аммо дар ҷомеаҳое, ки аз ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодӣ нисбатан ақибмонда ҳастанду мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ қонеъ гардонида намешаванд, эҳтимоли тавсеаи ҳизбҳои динӣ зиёд мебошад. Маҳз ҳамин омил боис гардид, ки пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яку якбора ҳизби наҳзат  аз норасоиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва аз байн рафтани идеологияи ҳукмрон истифода карда, бо дастгирии доираҳои манфиатдори хориҷӣ дар амалҳои таҳрибкоронаи худро дар кишвар анҷом доданд.

Агар пеши роҳи фаъолияти ТЭТ ҲНИТ дар Тоҷикистон қонунан гирифта намешуд, фаъолияти ин ҳизб ҳам тақрибан мисли азҳоби Афғонистону Сурияву Ироқу Яман ва амсоли инҳо ба харобсозиву бадбахтии давлату миллат равона мегардид. Зеро ҳизби мазкур, ки боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ буд, барои ғасби ҳокимият муборизаи зӯроварӣ мебурд, ҳеҷ гоҳ аз мақсади худ даст намекашид. Балки бо ёрию пуштибонии нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ чунин фаъолияти душманонаро идома медод. Даст задани наҳзатиҳо ба табаддулоту моҳи сентябри соли 2015 исботи ҳамин гуфтаҳоянд.

Дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза дигар имконияти худ аз худ пайдо шудани ҳизби динӣ вуҷуд надорад. Ҳамаи ин гуна гурӯҳҳову ҳаракатҳо бо дасти қудратҳои беруна, ки мақсадҳои муайяни худро доранд, сохта мешаванд. Масалан, имрӯз дар Сурия ҳизбу гурӯҳҳои зиёди ифротии динӣ байни худ мубориза мебаранд ва ҳамаашон аз номи ислому ба хотири ислом меҷанганд. Аммо фаъолияти онҳо танҳо бар зарари пеш аз ҳама дини мубини Ислом равона мебошад. Зеро ҳамаи онҳо дастнигари кишварҳои хориҷии манфиатдор ҳастанд ва супориши онҳоро иҷро мекунанд.

ТЭТ ҲНИТ низ яке аз чунин созмонҳо мебошад, ки аз ҷониби хадамоти махсус ва доираҳои мазҳабии кишварҳои алоҳида маблағгузорӣ мешавад. Имрӯз низ наҳзат бо вуҷуди заифу нотавон буданаш аз мақсади ғасби ҳокимият, аз самти фаъолияти харобиовар, усулҳои террористиаш даст накашидааст. Бо вуҷуди ин, наҳзатиҳо аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар Аврупо панаҳ бурдаанд. Онҳо аз ҳар фурсати муносиб истифода бурда, дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳукумату мардуми Тоҷикистон туҳмату буҳтон мезананд. Кӯшиш мекунанд, ки муҳоҷирони тоҷикистонии муқими Аврупоро паноҳандаи сиёсӣ нишон дода, ба ҷониби худ ҷалб намоянд. Аммо имрӯз тамоми мардуми кишварамон ва муҳоҷирон ҳам хуб дарк кардаанд, ки ТЭТ ҲНИТ як гурӯҳи террористию ҷинояткор мебошад ва онро маҳкум мекунанд. 

Ш.Шерматов
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh