АНДЕШАИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН АСЛИҲАЕСТ БАР МУҚОБИЛИ ИФРОТГАРОӢ!

Мутафаккирон ва адибони бузурги гузаштаи мо як қатор андеша ва ғояҳои мўътабареро дар бораи консепсияи муаммоҳои давлат ва ҳуқуқ пешниҳод намудаанд, ки дар байни онҳо пешгирии ҷомеа аз вабои ифротгароӣ нақши муассир дорад. Маҳз ҳамин андешаҳо дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ баҳри пешгирии шомилшавии аъзоёни ҷомеа ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ аҳамияти муҳимро дорад.

Аз ин нигоҳ, дар андешаи милли гузаштагони мо, афкори сиёсӣ – ҳуқуқӣ мақоми махсусро ишғол намуда, Рўдакиву Фирдавсӣ, Форобиву Сино, Хайёму Аттор, Носири Хусраву Саъдии Шерозӣ, Ғаззоливу Низомулмулк ва дигарон ақидаҳои арзишманди худро пешниҳод намудаанд. То ба имрўз ин афкор аҳамияти умумиҷаҳонии худро гум накардааст. Афкор ва арзишҳои илмии онҳо ба хазинаи арзишҳои нодири умумиинсонӣ ворид гардидаанд. Заминаҳои ғоявии таҳаввулоти минбаъдаи афкори сиёсиву ҳуқуқи тоҷику форсро гузошта, баробари ин аҳамият ва муҳимияти хешро бо гузашти садсолаҳо гум накардаанд. Аксарияти асару рисолаҳои онҳо ба забонҳои гунонуги илмӣ тарҷума ва чоп гардидаанд, ки аз бузургии онҳо дарак медиҳад.                     

Таъкид ба маврид аст, ки мутафаккирони мо на танҳо дар байни аҳли илму адаб ва муридони худ, балки дар назди ҳокимону волиён ва давлатдорони давру замон эътибору обрӯи зиёд дошт. Онҳо гарчи ҳақиқати талхро баён кунанд ҳам, лек ҳокимони раиятпарвар онҳо мавриди эъзоз қарор медоданд, ки таърих ба ин мисолҳои зиёде дорад.

Шоирону нависандагони маъруф сар то сари Мовароуннаҳру Хуросон, Туркияву Шарқи наздик таълифоти хешро ба мутафаккирони гузаштаи мо барои доварӣ мефиристоданд ва аз санҷиши онҳо мегузарониданд. Завқи бадеӣ, донишу таҷриба ва ҳунару маҳорати мутафаккирон дар арзёбии осори адабӣ ва масъалаҳои илму ирфони гузаштаву муосир маҳаки боэътимоду раднопазир ба шумор мерафт. Аз ин ҷост, ки онҳоро беҳтарин ҳаками замон медонистанд. 

Мутафаккирони форсу тоҷик бо идомаи суннатҳои хоси баёни афкори ҳуқуқӣ дар адабиёти форсу тоҷик ба масъалаҳои муҳими аҳди худ, чун ташкили оқилонаи ҳокимияти давлатӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таъмини волоияти ҳуқуқ дар низоми давлатдорӣ, қонуният, тартибот ва интизом, пешгирии шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ ва иртиҷоӣ равона намудаанд.

Дар раванди тадқиқоти масоили дар боло зикр гардида мутафаккирон як қатор ғоя ва афкори заруриро пешниҳод намудааст, ки қисмате аз онон то ба дараҷаи коркардҳои консептуалӣ расидаанд. Аз он ҷумла имконпазир будани шакли дунявии идоракуниро дар шароити давлатдории асримиёнагии мусалмонӣ эътироф намудаанд. Вобаста ба ин консепсияи шоҳи одил ва мутеъи қонун, одил ва ҳақшиносро кор карда баромадааст. Ақл ва донишро то ба дараҷаи аркони муҳими давлатдорӣ боло бардоштаанд, ки дар асоси он ғоя ва назарияи шоҳи оқил ба миён меояд ва ин назарияро мутафаккирони форсу тоҷик пешниҳод кардаанд. Ҳифзи ҳуқуқу озодаҳои шаҳрвандон ва аъзои ҳар яки ҷомеа ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи давлат эълон намудаанд. Моҳияти иҷтимоии давлат ва мақоми бузурги роҳбари давлатро ин мутафаккирони  барҷастаи форсу тоҷик ба манфиати ҷомеа, давлат, ва ҳамаи инсоният мешуморад.

Ҳаллу фасли чунин масоил ва дар маҷмўъ фаъолияти давлатро да афкори сиёсӣ ҳуқўқӣ бидуни ҳуқуқ ва қонунҳои одилона имконнопазир мешумориданд. Онҳо ҳаройина ғояи волоияти ҳуқуқро ҳифз намуда, талаботи риояи бетанаффуси қонунҳоро ба унвони асоси фаъолияти давлатмардон ва табақаҳои мухталифи аҳолӣ коркард ва пешниҳод кардаанд. Мутаффакирони барҷастаи халқи тоҷик аз қонуният дар низоми давлатдорӣ ва тартиботи пурра дар ҷомеа ҳимоят мекунад, ки ба онҳо адл ва адолати судӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ пайванд мегиранд, ки он асоси пешгирии муносибатҳои ғайри инсони баҳисоб меравад. Назарияи «волоияти адолати судӣ» пешниҳод гардидааст, ки маҷмўи қоида ва тавсияҳоро оид ба баррасии оқилонаву одилонаи баҳсҳои ҳуқуқӣ таъмини бехатарии одамон, ҳифзи шараф ва номуси онҳо фаро мегирад.

Мутафаккирони мо дар ҳар давру замон пайваста ҷонибдори сулҳ ва ваҳдат мебошад. Онҳо аз сиёсати сулҳдўстонаи давлатҳо барои ҳамкорӣ ва табодули таҷриба пуштибонӣ менамоёяд. Аз ҷумла дар Паёми навбатии Пешвои миллат чунин омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид”.

Таъкид ба маврид аст, ки гузаштагони пурифтихори мо ҳамагуна низоъу хушунатро, ба истистинои ҷангҳои муҳофизатӣ барои ҳифзи Ватан ва адолат, ҷангҳое, ки барои озод намудани мардум аз ғуломиву асорат бурда мешаванд, маҳкум менамуданд.

Чунин ғояҳо ва афкори марбут ба масъалаҳои афкори сиёсӣ ҳуқуқӣ дар шароити имрўза дорои аҳамияти маърифатӣ ва амалӣ мебошанд. Ҳарчанд инсоният дар асри XXI қадам мезанад, ҳамоно масоили марбут ба некиву бадӣ ва адлу дод баррасӣ намудаи мутафаккирони пешина дар робита ба оини давлатдорӣ муҳим ва қобили мулоҳиза боқӣ мемонанд.

Оиди ин масъала Пешвои миллат дар суханронии худ чунин таъкид намуданд: “Ҷаҳони муосир, мутаассифона дар андаруни ҷанг ва муноқишаҳои қавмиву миллӣ дар нуқтаҳои мухталифи курраи замин қарор дорад, ки хатари афзудани он ҳанўзам бештар аст. Маҳз дар чунин шароит аҳамият ва муҳимияти андешаҳои афкори халқи тоҷик чун гузаштагони ў дар бораи сулҳ, зарурати ҳифз ва пуштибонӣ аз он, оштинопазирӣ бо таҷовуз ва интиқоду маҳкум намудани вай бештар таҷассум пайдо мекунанд”.

Дар канори ин метавон қайд намуд, ки сулҳе, ки дар заминаи хотимаи ҷанги шаҳрвандии бародаркушӣ дар Тоҷикистон ба даст омад, дар баробари омилҳои дигар бо шарофати маърифати мероси ниёгони мо (Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Ҷомӣ, Дониш ва дигарон), ба даст омад, ки ғояҳои ба даст овардан ва таъмини сулҳ, рушди ҳамкорӣ ва ҳамдилии халқҳо, ба вуҷуд овардани шароит барои низом дар саросаи оламро таблиғ мекунанд.

Баъди ба дастоварии истиқлолияти давлатӣ баҳри омўзиши афкори сиёсӣ - ҳуқуқии гузаштагони барӯманди мо  шароити мусоид фаро расид. Зеро дар ин давраи ҷаҳонишавӣ азхудкунии арзишҳои куҳани миллӣ ва ҷустуҷўи роҳҳои сохтмони ҷомеаи нав, ки ба дастовардҳои ҷаҳонӣ ва суннатҳои миллӣ – фарҳангӣ асос меёбанд, фароҳам омад.

Аз ин рӯ мо устодону омӯзгорон бояд насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба забону фарҳанг ва арзишҳои волои инсонӣ, ки гузаштагони мо онро дар эҷодиёти худ талқин мекарданд, тарбия намоем. Дар ҷаҳони пурталотуни кунунӣ худшиносии миллӣ аслиҳаест бар муқобили ифротгароӣ. Маҳз рӯй овардан ба андешаи миллӣ ба имкон медиҳад, сиёҳро аз сафед фарқ намоем. Ба зиндагии озоду ободи ояндаи худ қадам гузорем.

Кенҷаев Ш.Ю.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh