Ҳамдиливу ҳаммароми муқаддас аст!

Ифтихормандем, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ҷомеаи озоди мо дар фазои соҳибистиқлолӣ, арҷгузорӣ ба ваҳдати комил зиндагии оромона ба сар мебаранд. Вале имрӯз зуҳуроте ба миён омадааст, ки алайҳи осудагии ҷомеаи ҷаҳонӣ амалиёти номатлубе дорад. Ин амал ба терроризму экстремизм марбут буда, алайҳи он муборизаи оштинопазир бурда мешавад. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи оқибатҳои даҳшатангези терроризму экстремизм сухан ронда, борҳо таъкид намудаанд: «Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани мушкилоти дигари иҷтимоӣ гардидаанд».

Терроризм зуҳуроти хатаровар буда, оқибатҳои басо вазнин ва дар аксар ҳолат барқарорнашаванда дорад.

Аз расонаҳои дохилию хориҷӣ огаҳӣ дорем, ки қувваҳои бадхоҳ баъзе аз ҷавононро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гумроҳ намуда, ба мамлакатҳои хориҷа баҳри аз онҳо тайёр намудани террористу ифротгаро сафарбар карда истодаанд. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худогоҳии миллӣ аз ҷониби падару модар ва омӯзгорон басо муҳиму зарур аст. Кишвари мо дар роҳи рушду такомули соҳибистиқлолӣ қарор дорад, дастовардҳои бо заҳмат соҳибгардидаамон ба боди фано набояд равад! Ҳаргиз нагузорем, ки ҳизби мамнӯъгаштаи наҳзати исломии Тоҷикистон барин ҳаракатҳою гурӯҳҳои ифротгаро сулҳи мисли шири модар пок ва бо заҳмат ба дастовардаи халқи тоҷикро халалдор намояд.

Зеро тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Дастоварди муҳимтарину бузургтарини мо, ки на танҳо наслҳои имрӯзаи кишвар, балки наслҳои оянда низ бо он ифтихор хоҳанд кард, таъмини сулҳу оштии миллӣ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аст».

Мо бояд ин арзиши бузурги миллатамонро, ки маҳз бо муҳаббати бепоёну қарзи фарзандӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи азизашон ато намудаанд, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Имрӯз мо амалҳои хоинонаи роҳбарон ва аъзои ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро сахт маҳкум менамоем. Намегузорем, ки онҳо ҳаёти осоиштаи халқи тоҷикро халалдор намоянд.

Ҳамдиливу ҳаммаромии нерӯҳои солим ҳамавақт барои садди роҳи ифротгароён мавқеъ дошт. Пешвои миллат ба қувваи бузург ва хиради азалии халқи созандаашон итминони комил доранд. Ҷавобан ба ҳамаи ғамхориҳои бебадали Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо – кормандони соҳаи маориф пайваста мекӯшем, ки дар шукуфоии Ватан ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор гардем.

Рухсора Абдуғаффорзода,
директори литсейи №1,
шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh