ХОИНРО ҲЕҶ КАС ҶОНИБДОР НЕСТ!

Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти ТЭТ ҲНИТ маълум буд, ки ҳадафи аслии саркардагону аъзоёни он ихтилофандозӣ байни мардум аст. Бо ин роҳ онҳо мехоҳанд дар ҷомеа низоъву зиддиятро рӯи кор оварда, ба сари ҳокимияти сиёсӣ муфт соҳиб шаванд. Лек баъди манъ гардидани фаъолияти ин ҳизби ҷиноӣ, аъзоёни дар хориҷа паноҳ гирифта, амалиётҳои иғвогаронаи худро бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ бурда истодаанд. Наҳзатиёни маккор мисли солҳои 90-ум хоҳони ташкили гурӯҳи мухолифин буда, зимоми идораи онро гирифтанӣ буданд.

Бо ин роҳ онҳо мехоҳанд тасарруфи фикрӣ ва баъдан тасарруфи амалӣ намуда, мухолифини зархаридро “ба роҳи рости худ” ҳидоят намоянд. Дигар тарафи масъала боз аз он иборат аст, ки наҳзатиён барои устувор намудани базаи мухолифини худ аз хоҷагони хориҷиашон мабалағҳои ҳангуфт талаб намоянд.

Аммо тири онҳо хок хӯрд. Мухолифини дар хориҷ буда, ба ин иқдоми ҲНИТ ҷавоби сазовор надоданд. Тибқи он Кабириро на ҳама ба сифати роҳбари ягонаи мухолифин қабул кард, балки ҳамчун як чолпуси хориҷиён ва тоҷири судхӯр шинохт.

Оид ба худхоҳии раиси ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ,  як тан аз мухолифини дар хориҷ буда, Додоҷони Атовуллоҳ дар мусоҳибаи худ ба радиои BBC ишора намуда зикр дошта буд, ки Кабирӣ ҳоло мехоҳад тамоми мухолифинро дар зери чатри ҲНИТ ва зери сояи худи ӯ ҷамъ оварад. Муҳиддин Кабирӣ мехоҳад аз худ як бозингар битарошад. Аммо ҳам табараш кӯҳна асту ҳам чӯбаш пӯсидаву ҳам истеъдодаш мелангад. Дар идомаи сухан иброз медорад, ки: “дар наҳзат бисёр шахсони калидияш аз рафтору кирдори Кабирӣ ба танг омадаанд. Шояд онон ба наздикӣ масъалаи истеъфои Кабириро ба миён гузоранд. Аз ин рӯ, Кабирӣ мехохад барои худаш як "запасной аэродром" бунёд кунад. Журналистони эҳтиёҷманд, гурезаҳои бекор, коршиносони корноозмуда, ҷавонони гумроҳро мехоҳад ҷамъ оварад ва оппозитсияи нав созад, ки дар унвонаш номи "ислом" набошад ва худаш пешво шавад”.

Бо ҳамин мавҷи интиқодҳои Додоҷони Атовулло  баъди нишасти Дортмунд сар шуд. Дар шаҳри Дортмунди Ҷумҳурии Федералии Олмон дар ҳошияи як нишасти бахшида ба солгарди 20-уми имзои созишномаи сулҳ раҳбарони гурӯҳҳои мухолифин ҷиҳати ташкили як иттиҳод тавофуқ карда буданд. Чун эълони "Гуруҳи 24”, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро, ки "бинобар сиёсатҳои носанҷида ва кӯшиши дахолат”-и ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи дигари мухолифинро комилан қатъ кардааст шунидам, ба хулоса омадам, ки ҳатто мухолифин низ сиёсати ноуҳдабароёна ва зери ниқобу супориши хоҷагони хориҷӣ фаъолият бурдани Муҳиддин Кабириро низ дарк карда бо ӯ мухолифат доранд. Ҳаракати сиёсии дар Тоҷикистон феълан мамнӯи "Гуруҳи 24” бо нашри як баёния эълон кард, ки ҳамкорӣ ва муносибатҳои сиёсиашро бо ТЭТ ҲНИТ комилан қатъ мекунад. Дар изҳороти "Гуруҳи 24” аз 20 январ бидуни ироаи ҷузъиёт "сиёсатҳои носанҷида ва кӯшиши дахолати муғризона ва бенатиҷаи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” ҳамчун далели қатъӣ ҳамкориаш бо ҲНИТ ном бурда мешавад.  

Дар робита бо қатъи фаъолият Саидалӣ Ашӯров, сухангӯи расмии "Гуруҳи 24” рӯзи дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” тасдиқ кардааст, ки“қадамҳое, ки аз ҷониби ҲНИТ бардошта шуд, ба сӯи эътилоф ва иттиҳод набуд”.

Аз ин бармеояд, ки мухолифин низ ба “Муҳиддин Кабирӣ ва ҲНИТ мухолиф” буда, маҳз ҷудоихоҳии ӯ буд, ки ҷудоихоҳон аз ӯ канора ҷустанд.  Бо дарки ин, ки ҳатто мухолифин аз раиси наҳзат Муҳиддин Кабирӣ безоранд, моро зарур аст, ки наздикону пайвандон ва хоссатан насли наврас ва ҷавонро аз доми оташи наҳзат раҳоӣ бахшем ва нагузорем, ки ба гирдоби балои наҳзатиҳо гирифтор шуда, ояндаи босаодати хешро барбод диҳанд.

Раҳматова З.М.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh