Таҳкими арзишҳои миллӣ масъулият металабад!

Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

18 апрели соли 2018 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони вилоят ва дигар шахсони дахлдор иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гардид. 

Иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷумро муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо ифтитоҳ намуд ва дар он 12 масъала мавриди баррасии вакилони халқ қарор гирифт.

Аз ҷумла, аз рӯи масъалаи якум нахуст вакилони халқи вилоят ваколати вакилии вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум аз ҳавзаҳои интихоботии «Бофанда», №2, «Ғафурҷон Ортиқов», №20 ва «Марҳамат», №43 - ро тасдиқ намуданд.

Вакилони халқи вилоят якдилона Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2018, №986 «Дар бораи аз вазифаи Раиси вилояти Суғд озод намудани Абдураҳмон Қодирӣ ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2018, №1035 «Дар бораи Раиси вилояти Суғд таъин намудани Раҷаббой Аҳмадзода» - ро ҷонибдорӣ ва тасдиқ карданд.

Дар иҷлосия муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ оид ба вазифаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот дар партави Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №977 «Дар бораи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани соли 2018 дар вилояти Суғд» маърӯза намуд. Мавсуф зикр кард, ки тибқи «Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018 – 2020» дар вилоят нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, бобати фаъолияти пурсамари 21 ширкати сайёҳӣ, 50 меҳмонхонаҳо ва якчанд мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла осорхонаҳо тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мешаванд.

Анвар Яъқубӣ доир ба рушди ҳунарҳои мардумӣ дар вилоят маълумот дода, зикр дошт, ки алҳол дар вилоят 264 Марказҳои таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ фаъолият мекунанд. Умуман, теъдоди ҳунармандони вилоят беш аз 22 ҳазору 300 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамасола ба ҳунармандон Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд супорида мешаванд, ки ин иқдом ба рушди соҳа мусоидатгар аст.

Вакилон аз ҳавзаи интихоботии «Ғончӣ», №45 Фирӯза Солиева, аз ҳавзаи интихоботии «Ворух», №11 Карима Ҳакимова, аз ҳавзаи интихоботии «Вору», №28 Муаззамхон Ансорӣ ба сухан баромада, роҷеъ ба эълон шудани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фикру андешаҳои хешро иброз доштанд.

Дар иҷлосия ҳамзамон, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Истаравшан», №32 Бобоева Гулчеҳра Гадоевна оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ шунида шуд.

Вакилон масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум, дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар ҳавзаҳои интихоботии алоҳида, дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилоят, дар бораи ташкили комиссияи вилоятии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷумро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов маълумот дод ва вакилони халқ иваз намудани номи 32 деҳа ва як деҳотро якдилона маъқул шумориданд.

Дар иҷлосия вакилони халқ масъалаи тасдиқи Низомнома ва ҳайати комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Ҳамзамон, як қатор қарорҳои Раиси вилояти Суғд, аз ҷумла оид ба кадрҳо тасдиқ гардид.

Иҷлосияро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷамъбаст намуда, таъкид дошт, ки бояд вакилони халқ дар татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус ҷиҳати дар сатҳи баланд амалӣ шудани иқдоми неки “Соли 2018 – соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” саҳми шоиста гузоранд.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh