Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ

13 апрели соли равон дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ – 2018 ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Анҷуманро муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Раиси вилоят зимни суханронии хеш меҳмонони Анҷуманро ба вилояти Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, аз ҷумла, доир ба вазъи ҳаёти иқтисодӣ – иҷтимоии вилоят, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, робитаҳои судманди минтақавӣ ва имкониятҳои мавҷуда дар самти тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи вилоят ҳарф зад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла, таъкид дошт, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои бузурги иқтисодӣ буда, дар саргаҳи Шоҳроҳи Абрешим қарор гирифтааст. Алҳол вилоят бо 18 минтақа, аз ҷумла марказҳои саноатии Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориҳои судманди иқтисодиро ба роҳ мондааст.

Соҳаҳои муҳими иқтисодиёт – саноату кишоварзӣ сол аз сол рушд меёбанд. Чунончӣ, нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ давоми солҳои охир ба андозаи 120 – 130 фоиз таъмин гашта, ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти содиротӣ эътибори зарурӣ дода мешавад. Алҳол дар вилоят 405 гармхона фаъолият дошта, соли равон кишоварзони вилоят дар майдони беш аз 15 ҳазор гектар картошка кишт намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ беш аз 200 нафар намояндагони корхонаву ташкилотҳо, соҳибкорон, аз ҷумла ҳайати зиёди меҳмонон аз Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, намояндагони созмонҳои байналхалқии Барномаи рушди СММ ва Иттиҳоди Аврупо ширкат варзиданд.

Дар Анҷуман намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михаил Кораблин, муовини Раиси вилояти Оренбург – Вазири кишоварзӣ, саноати коркард ва хӯрокаи вилоят Михаил Маслов ва намояндагони сохторҳои тиҷоратӣ – соҳибкорӣ ба сухан баромада, аз нақш ва ҳадафи баргузории Анҷуман, пазироии хуб изҳори назар намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки Анҷумани сеюми минтақавии шартномабандӣ ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, содироти бештари маҳсулот, тавсеаи рушди ҳамгироӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд.

Дар рӯзи нахусти кори Анҷуман имкониятҳои ҳамкорӣ байни истеҳсолкунандагон ва харидорони тармева ва хушкмева бо назардошти хусусияти сифати маҳсулот муҳокима гардида, соҳибкорони кишварҳои иштирокчии Анҷуман дар мулоқоти хоса гуфтушунид намуданд.

Меҳмонони Анҷуман худи ҳамин рӯз аз Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh