ТЭТ ҲНИТ – ВАБОИ ТАҲДИДКУНАНДА БА АМНИЯТИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои амну осоиш ва сулҳу суботи комил ҳукмфармост. Барои  кулли шаҳрвандон новобаста аз миллат, нажод, вазъи сиёсӣ ва эътиқоди диниву мазҳабӣ, шароити хуби зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. Ин ҳама ба туфайли истиқлолияти сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба даст омадааст.

Мардуми шарифи кишвар аз ҳадафҳои аслии роҳбарону фаъолони ТЭТ ҲНИТ бохабар гаштанд. Бинобар ин ба дасисаву иғвоҳои беасоси онҳо дигар бовар намекунанд. Мутмаинам, ки аҳли зиёии мамлакат, аз рӯи виҷдон ва ҳисси шаҳрвандӣ амал карда, даъватҳои муғризонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯй, моҷароангез ва хиёнаткорро сарфи назар менамоянд ва ба номуси баланди ватандориву ватанпарастӣ иснод намеоранд.

ТЭТ ҲНИТ аз замоне,  ки таъсис ёфт ва ба фаъолият шурўъ намуд, ба ҷузъ ташкили намоишу майдоннишинӣ, моҷароҷўӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ, фишороварӣ, таҳдиду зўроварӣ дигар кори “хайру савобе” накардааст. Оқибати майдоннишинӣ, қонуншиканӣ, муқовимати сиёсӣ ба чӣ овард, ҳама медонанд. Вале муассисону сарварон, аъзои ин ҳизб, фаъолони он таърихро зуд фаромўш намуда, худро “мусичаи бегуноҳ”, ҳатто«ҷабрдида», «бечораву» «оҷиз» мешуморанд.

Мутаассифона, чунин шароитҳои хуби фазои маънавиро баъзе аз аъзоёни мамнўъгаштаи Ҳизби наҳзати исломи Точикистон нодида мегиранд. Онхо берун аз кишвар дар манотиқи гуногун бо дастгирии молиявии хоҷагони худ бо ҳар роҳ тафриқаандозӣ  дар байни диндорон мекунанд. Бо ҳаргуна роҳу усулҳо дар фаъолияти худ кўшиш доранд мардумро ба роҳи  ғафлат ва гумрохӣ андозанд.  Дар ин ҷода мақоми иттиҳодияхои динии кишвар бояд бештар  бошад. Онҳо дар фикри манфиатҳои миллӣ бошанд, ки дар ниҳояти кор воситаи муҳиме мегардад дар мустаҳкамшавии сиёсати кишвар. Имрўз масъулияти зиёд бар дўши ходимони дин ва аҳли уламои кишвар вогузошта шудааст. Мавриди дидани аломатҳои ихтилофи бояд чораҷўи намоянд. Онхо дар эътиқод ва пайравӣ кардан ба Куръон, ҳадис ва мазҳаби ҳанафия  ба дигарон намунаи ибрат бошанд. То мардум аз онҳо омӯзанд ва ёд бигиранд.

Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон афкору ақидаҳои муғризонаи гурӯҳҳои ифротӣ ва минҷумла ТЭТ ҲНИТ-ро маҳкум менамоянд. Зеро роҳу равиши онҳо бар зидди арзишҳои милливу давлатӣ равона гардидааст.

Ҷабборов Ғ.Н.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh