ТЭТ ҲНИТ – ҲИЗБИ ҶАҲОЛАТ!

Яке аз масъалаҳои ҳассосу даҳшатангезе, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ин паҳншавии босуръати терроризму экстремизм ва зиёдшавии шиддатноки гурўҳҳои ифротгаро мебошад. Мутассифона, аз хуруҷи чунин равандҳои мудҳишу номатлуб шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар канор нестанд.

Мисоли равшани онро мо метавонем, дар фаъолияти аъзоёни ҲНИТ, мушоҳида карда бошем, ки то соли 2015 ҳамчун ҳизби қонунӣ дар ҳудуди мамлакати мо ташвиқот бурда, шаҳрвандонро озодона ба сафи худ даъват менамуданд. Аз ҳайати ТЭТ ҲНИТ ошкор шудани шахсони ифротгаро, ки ба ташкили ҳаракатҳои террористӣ мусоидат менамуданд, назари аҳли ҷомеаро ба ин ҳизби ба ном исломӣ дигар кард. Ҳизбе, ки Оинномаву барномаи худро бо мақсади таҳкими ғояҳои давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ ва демокративу ягона навишта буд, акси он амал кард.

Аз фаъолияти роҳбарону фаъолон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИТ тайи чанд соли охир  танҳо ба як хулосае омадан мумкин аст. Ин ҳам  мутаассифона, фаъолияти ҳизб ҳамчун як ташкилоти ифодакунандаи ормонҳои халқи азияткашида, пас аз ҷанги бародаркуш на баҳри пешравиҳои ояндаи Тоҷикистон, балки танҳо омадан ба сари ҳокимият ва ташкили давлати исломӣ равона карда шуда буд. Таъмин накардани иҷрои рисолати худро аз ҷониби ҳизби мазкур танҳо далели доғ овардан ба номи мубораки ислом маънидод кардан мумкин аст.

Зеро ҷавҳари дини ислом ахлоқи ҳамида буда,  ҳикмати он покиву адолатпарастиро талқин мекунад. Ин аст, ки дини мубини ислом дини ҷаҳонӣ буда, аз лиҳози шумораи ихлосмандонаш дар дунё ҷои дуюмро ишғол мекунад. Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аз оғоз то анҷоми фаъолияаш ягон барномаи мушаххасе барои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар пешниҳод накардааст. Ҳатто баҳри густариши арзишҳои диниву мазҳабӣ ягон амали хуб ба анҷом нарасонидааст. Амалу рафтори роҳбарони ТЭТ ҲНИТ фақат ва фақат тафриқа андохтану мардуми тоҷикро ба ҷаҳолат даъват кардан аст.

Ҷабборов Ғ.Н.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh