РОҲИ КАҶИ НАҲЗАТИЁНИ МАККОР

Омили зарурӣ дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм ин муттаҳидии аъзои кулли ҷомеа ва мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Муттаҳидӣ ин бетараф набудан ва мавқеи шаҳрвандии худро нишон дода, овози худро баланд кардан аст.

Дар ин ҷода нақш ва ҷойгаҳи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мактабу маориф ва аҳли ҷамоатчигии мамлакат хеле калон аст. Аз ин лиҳоз, дар вақти машғулиятҳои дасрӣ, дар муассисаҳои таълимии миёна ва олӣ дар байни хонандагону донишҷўён тарғиби арзишҳои милливу давлатӣ ва омӯзиши Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон васеъ ба роҳ монда шуда, чорабиниҳо ва вохўриҳои пайваста ташкил ва гузаронидан лозим аст. То насли наврасро аз таъриху фарҳанги бойи миллати худ бохабар намоем.  

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овардааст. На танҳо барои шаҳрвандону сокинон, боз барои ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳама гуна шароит ва имкониятҳои баробар муҳайё гардонидааст. Лек дар давлати озоду сулҳпарвар як гуруҳи муайяни иғвогаре арзи ҳастӣ намуданд, ки кору пайкорашон ҷангу ҷидол буда, хостгори бунёди ҷомеаи ба ном исломӣ буданд.

Ин гуруҳ ТЭТ ҲНИТ ном дошта, аз рӯзи нахустини ташкилшавии худ то ба имрӯз бо дасисакориҳои худ ном баровардааст. Мубаллиғони наҳзатӣ низоми дунявию демократии давлатамонро гӯё “ғайри шаръӣ” номида, ҷомеаро ба мубориза бар зидди ҳукумати конститутсионӣ даъват менамуданд. ТЭТ ҲНИТ барои ноил шудан ба мақсадҳои розилонаи худ бо роҳи фиреб  ба мафкураи ҷавонон таъсир расонида, бо ин роҳ аъзо ва ҷонибдорони худро зиёд мекарданд.  Ин амали эшон на танҳо хиёнат нисбати якдигар, боз  хиёнат ба миллату давлат аст. Мақсади асосӣ ва олии ТЭТ ҲНИТ аз байн бурдани ҷомеаи демократӣ ва дуняви  Тоҷикистон аст. Хушбахтона, ба ин мақсади худ онҳо ҳеҷгоҳ намерасанд. Зеро нияти бади онҳо ҳеҷгоҳ амалӣ намешавад.

 Аз ин лиҳоз, аҳли ҷомеа бояд дар ин ҷода ҳушёриву зиракиро аз даст надода, ба корҳои фитнагарону иғвоангезони ТЭТ ҲНИТ фирефта нашаванд. Дарк намояд, ки давлату ҳукумат ғамхори халқ буда, Президенти мамлакатамон кафили сулҳу субот мебошанд.  Дар айёми осудагию фазои ором, бигзор ҷомеа ва ҷавонон ба масъалаҳои худшиносии миллӣ, мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, омўзиши касбу ҳунар, забондонӣ ва расидан ба қадри неъматҳои илоҳӣ диққати зиёд зоҳир намояд. Зеро рӯз аз рӯз Ватани азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гашта истодааст. Аз ин рӯ, баҳри ин пешравиҳоро дар амал тадбиқ намудану онро ба насли оянда расонидан  ҷавонони баору номусдор лозим аст. Ин омилҳо масъулияти ҷавонони ватандӯсту меҳанпарасти моро боз ҳам зиёдтар мегардонад ва мо – устодону омӯзгорон вазифадор ҳастем онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намуда, аз роҳи бад ва каҷ нигоҳ дорем.

Раҳмонов М.М.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh