Камолотро зи вақти боамал биҷӯй!

Ҳар як нафар қадру қиммат ва мақому мавқеи вақтро дар зиндагӣ, пешрафти ҳаёти шахсӣ ба таври гуногун арзёбӣ менамояд. Баъзе нафарон нисбат ба гузаронидани вақт бепарво ва гурӯҳи дигар бодиққат муносибат намуда, онро самаранок барои расидан ба комёбӣ истифода мекунанд.

Дар зиндагии баъзе аз ҷавонон як одати баде, ки барои дуруст ва самаранок истифода бурдани вақт монеа шудааст – ҳамеша ба забон овардани ибораҳои маъмулии «вақт надорам», «вақтам нашуд», «корам бисёр аст» худро гӯё осуда медоранд.

Аз назари донишмандон дар рушди шахсият ва пешрафти ҷомеа мақоми самаранок истифода бурдани вақт хеле бузург аст. Ҷои онро ягон омили дигар гирифта наметавонад. Муваффақияти инсон аз чигунагии истифодаи вақт вобастагии бениҳоят калон дорад. Бинобарин имрӯз вақти он расидааст, ки нисбат ба вақт ва истифодаи он таҷдиди назар намоем. Вақт сармоя аст, вале он сармояи беохир нест. ҳама чиз ҳад ва интиҳои худро дорад, аз он ҷумла фурсатҳои зиндагӣ.

Барои вақтро самаранок истифода бурдан танҳо ба нақша гирифтани вақт кофӣ нест, балки лозим аст, ки қадам зад, амал намуд ва ҳар рӯз корҳои муҳимро ба анҷом расонид.

Дар ҷомеаи тоҷик ба масъалаи вақт ва чи гуна истифода бурдани он дар байни мардум як зумра андешаҳо мавҷуданд. Мисоли он ибораҳои «вақт рафт - нақд рафт», «кори имрӯзаро ба фардо магузор» мебошанд. Дар ҳақиқат вақт дар рушди инсон нақш ва ҷойгоҳи назаррас дорад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷудогона, кишварҳое, ки ба дастовардҳои баланди илмиву эҷодӣ ва иқисодиву молиявӣ расидаанд, он ҷомеаву давлатҳоеанд, ки вақтро бисёр устокорона ва самаранок истифода намудаанд. Тамоми он нафароне, ки имрӯз ба сарват, дастоварди илмӣ, мансабҳои баланд ва дар ҷомеа ба ҷойгоҳи муносиб расидаанд, шахсоне ҳастанд, ки аз рӯи нақша, мақсаднок ва ҳадафмандона вақт ва фурсати зиндагии хешро истифода бурдаанд. 

Бинобар ин диққат додан ба ҳар як дақиқаву соат, рӯзу моҳ, солу  фурсатҳои қиммати зиндагӣ имкон фароҳам меорад, ки шахс мунтазам ба сӯи муваффақият, зинаи нави рушд ва дастовардҳои назаррас ҷаҳд карда, ба орзуву мақсадҳои хеш бирасад.                                                   

Дар зиндагӣ бисёр корҳое ҳастанд, ки агар имрӯз онро анҷом надиҳем, пагоҳ иҷрои он амал шояд номумкин гардад. Ба қавли шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ “Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз, ки рӯзе хушку ҳам мағшуш хоҳад шуд”. Обҳои ҷорӣ ҳамин вақтҳои рафтаистода мебошанд, ки хоҳ ба қадри он расем ва ё нарасем, он ҳатман ба охир мерасад. 

Аз ҳамин лиҳоз, дар давраи ҷавонӣ, вақте қуввати зиёд ва иродаи шикастнопазир дорем, моро лозим аст вақти дар ихтиёри хеш доштаро бо андешаи солим барномарезӣ ва барои амалӣ кардани он талош намоем.

Шӯҳрат САИДЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh