Ҳақиқат ин воқеият аст!

Таърих гувоҳ аст, ки дар муҳлати начандон тӯлонии соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик тавонист ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардад. Шукрона аз он дорем, ки тақдири Тоҷикистон ва мардуми он ба дӯши абармарди фозилу доно, оқилу дурандеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.  Мардум бо шукргузорӣ ва ифтихормандона дар ободониву пешрафти кишвари соҳибистиқлол кору пайкор доранд.

Вале ба ин нигоҳ накарда, баъзе афроди ношукр бо амалҳои ғайриқонунии худ тинҷию оромии Ватанамонро халалдор сохтанианд ва нияти ноором кардани авзои сиёсии Тоҷикистонро доранд. Ин амалро Ҳизби мамнӯи Наҳзати Исломии Тоҷикистон ният мекарду оқибат бадному роҳаш баста шуд.

Мақсади аъзои он  на ҳифзи ҳуқуқи мусалмонон, балки резонидани обрӯи онҳо мебошад.

Дар натиҷаи ҷанги бемаънии бародаркуш, ки маҳз бо дасти хоҷагони хориҷии ин ҳизб сурат гирифт, зиёда як саду панҷоҳ ҳазор нафар шаҳрванди  Тоҷикистон  ҷони худро аз даст доданд. Мардуми зиёд ба Афғонистони ҷангзада аз тарси ҷон ва номуси зану фарзандҳояшон фирор карданд. Шукри беадад, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурезаҳо ба Ватан баргардонида, дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромӣ ҳукмфармо шуд.

Роҳбарон ва аъзои ин ҳизб имрӯз хабар надоранд, ки вазъияти сиёсии Тоҷикистон орому сокинони кишвар атрофи Сарвари арзандаи худ, Пешвои милллат, ҷамъ омада, ҳаёти осоиштаву осудаҳолона мебаранд. Имрӯзҳо кишвари мо дар марҳалаи созандагию бунёдкорӣ қадамҳои далерона дорад. Тоҷикистони имрӯз дарахти пурсамарро мемонад, ки меваҳои рангинаш мардуми бонангашро  дар ҷаҳон машҳур гардонидааст. Ин ҳақиқат ва аслият аст.

Аммо  ҳар сокинони кишвар бояд дар назар дошта бошад, ки душманони миллат аз ниятҳои гаразноки худ ҳанӯз ҳам даст накашидаанд ва кӯшиш доранд, ки ба ҳар роҳ байни мардум иғво андозанд. Аз ҳамин рӯ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳушёриро аз даст надода, нагузорем, ки ягон шахс фирефтаи доми душманони миллат дар дохил ва беруни кишвар гардад. Дар замони муосир, тарбияи насли ояндасоз аз мо, омӯзгорон ва тарбиятгарон боз ҳам масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд. Мо бояд ба ҳар як донишҷӯ дар самти тарбия алоҳида корбарӣ карда, онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва пос доштани дастовардҳои Истиқлолияти миллӣ тарбия намоем.        

Д. АБДУЛЛОЗОДА,
дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ

ва аудити Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh