Ифротгароӣ ваҳшаният аст!

Дар шароити ҷаҳонишавӣ  раванди устувори ба ҳам пайвастани ифротгароии динӣ, терроризм ва экстремизм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои трансмиллӣ ва гаравидани ҷавонони ноогоҳ ба сафи ингуна гурӯҳҳои ба ном исломӣ бештар ба мушоҳида расида истодааст. Ифротгароӣ ва таассуби динӣ аз масъалаҳои доғи рўз гардида, роҳҳои гаравидани бархе аз шаҳрвандон, бахусус, ҷавонон ба ин падидаҳои номатлуб диққати ҷомеаро ба худ ҷалб кардааст. Роҳҳои ҷалби ҷавонон ба зуҳуроти номатлуб дар аксари давлатҳои олам якхела аст.

Барои ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон як омилро сабаби асосӣ набояд  донист. Дар ин раванд сабабҳои гуногун вуҷуд доранд. Аз тарафи дигар, мо ҳамагон дар замони ҷаҳонишавӣ қарор дорем. Бар муқобили ингуна селоби азим тоб овардан мушкил  аст. 

Нахустин омиле, ки решаи аслии масъала аст, ин надоштани ҳам дониши динӣ, ҳам  дунявии қисме аз ҷавонони ноогоҳ мебошад. Ҷомеае, ки  дар  он бархе аз сокинони он ноогоҳ ё камсаводанд, ба равияҳои мухталиф гаравидан  ниҳоят осон аст. Аз ин рӯ, дар ҳар давру замон қувваҳои бузург хостгори  амалӣ  намудани мақсадҳои худ ҳар роҳу воситаро  истифода мебаранд.

Дигар омили ба ифротгароӣ  ҷалб  шудани ҷавонон ин аз  китобу китобхонӣ дур мондани бархе аз ҷавонон, сатҳи пасти маърифати онҳо аст. 

Аҳли ҷомеа набояд дар масъалаи  омӯзиши ҷавонон бетараф бошанд. Ба омӯзиши илму дониш ҷалб намудани онҳо, роҳи ростро нишон додану дар  рӯҳияи ватандӯстӣ тарбият намудани ҷавонон тадбири муҳими гирифтани пеши ифротгароӣ ба ҳисоб меравад. Амали ифротгароӣ ваҳшоният буда, умри ҷавононро месӯзад. Биноан, бо ҳар роҳу восита садди ин роҳи даҳшатбор бояд шуд!

А.Раҳматуллоев,
устоди  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh