Пешниҳодҳои мушаххас дар таъмини амнияти кишвар

Дар  Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи амнияти кишвар аз   мавзӯоти меҳварӣ маҳсуб мешавад. Аслан масоили таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ ҳамешагӣ мавриди назари Сарвари давлат қарор дорад ва дар суханрониҳои  худ дар минбарҳои баландӣ байналмилалӣ аз қабили Созмони милалли муттаҳид, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ба мавзӯи мазкур руҷӯъ кардаанд.  Сарвари давлат ҳини баррасӣ намудани мавзӯи мазкур, ба вазъияти ҳарбиву сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишвари ҳамсоя Афғонистон таваҷҷӯҳ намуда, барқарории сулҳу осоиштагиро дар ин марз аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба хотири амнияти минтақа медонанд.

Чуноне ки дар Паём омадааст:”  Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем. Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст. Вазъи имрӯзаи сарҳад бо Афғонистон низ моро водор менамояд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.”

Нуктаҳои мазкур ишорат бар он дорад,ки имрӯз Афғонистон маншаи хавфу хатарҳои муосир, аз ҷумла экстремизм, терроризм  ва қочоқи маводи мухаддир гардидааст,ки он натанҳо ба амнияти ҷумҳурии мо, балки тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мерасонад. Мусаллам аст, ки дар меҳвари  носуботии вазъи сиёсии Афғонистон, зиддиятҳои абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ меистад, ки ба иборати маъмули манфиатҳои геополитикӣ ва геоиқтисодӣ онро матраҳ менамоем. Дар ҳамин маврид Пешвои миллат таъкид менамоянд,ки “Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб,пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави  “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст.” Мусаллам аст,ки мафҳумоти “бартариҷӯӣ”, “мусаллаҳшавии бошитоб”, “ҷанги сард” ин ҳама хоси абарқудратҳо аст ва сард шудани муносибатҳои онҳо таъсири нохуш ба кишварҳое чун Афғонистон мерасонад. Гузашта аз ин Сарвари давлат бо изҳори он, ки дар «Давлати исломӣ», баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил мебошанд аз  хавфи интиқоли махфиёнаи онҳо ба сарзамини мо нигарон мебошанд.

Боиси зикр аст,ки қочоқи маводи мухаддир ба воситаи сарҳади давлатӣ аз масъалаҳои доғи рӯз маҳсуб мешавад ва он ба амнияти миллии кишвари мо, минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид менамояд. “Аз соли 1994 инҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар беш аз 121 тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла зиёда аз 34 тонна героин мусодира карда шудааст, ки ин миқдор мавод метавонист қариб 53 миллион нафарро гирифтори бемории нашъамандӣ ва ҳамин қадар оилаҳоро бадбахт гардонад.” Қочоқи маводи мухаддир дар баробари эҷоди таҳдид ва хавфу хатар ба амнияти мамлакат ба саломатӣ ва зиндагонии шоистаи мардум низ таъсири бад мерасонад. Ба хотири пешгирии ин ҳолатҳои нохушоянд Пешвои миллат ба мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ супоришоти мушаххас доданд.

Дар баробари ин Сарвари давлат бо ибрози ин андешаҳо ишора бар он доранд, ки қочоқи ҳама навъи маводи мухаддир асоси маблағгузории терроризм ба ҳисоб меравад. Маълум аст,ки гурӯҳи экстремистиву терористии ДҲИШ баъди мағлубияташ двр Сурия ва Ироқ маҳз барои дастёб шудан ба сарчашмаи маблағгузорӣ чун маводи мухаддир ба Афғонистон рӯй овард. Яъне ин сарчашма маблағгузории аз ҳисоби қочоқи нафтро сад дар сад метавонад иваз намояд. Ин ҷо рақобат байни  “Давлати исломӣ” ва Толибон барои таҳти назорат гирифтани қочоқи маводи мухаддир вазъи Афғонистонро нооромтар ва вазнинтар сохта истодааст. Пешвои миллат дар баробари таҳлили ҳамаҷониба ва баҳогузорӣ ба вазъият, ҳамзамон барои бартараф кардани мушкилот ва проблемаҳои мавҷуда пешниҳоди мушахаси худро баён доштанд: “Мо чунин мешуморем, ки кумак ба эҳёи иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии Афғонистон беҳтарин роҳи истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини амният дар минтақа мебошад.

Пешвои миллат  дар мавриди масъалаҳои амният ва сиёсати хориҷии кишвар дар Паём сухан карда,  на танҳо аз ояндаи мамлакат, балки осудагиву оромии минтақа ва ҷаҳон андеша менамоянд ва бо пешниҳодҳои мушахас дар ҳаллу фасли масоили мавҷуда саҳми боризи худро мегузоранд. Аз ҷумла пешниҳоди Пешвои миллат “ дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез” аз беҳтарин усулҳои замонавӣ дар ҳалли масоили мубрами ҷаҳон  маҳсуб мешавад. Ин маънии онро дорад,ки Тоҷикистон хонаи уммеди на танҳо тоҷикон, балки мардуми сулҳхоҳи ҷаҳон ва хоҳад буд. Ҳар як нуктаи Паёми  навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амният,  фардои обод ва ороми кишвар бахшида шудааст ва моро лозим аст, ки аз он бардошт намоем ва барои худ тарҳи зиндагии хубу шоистаро роҳандозӣ намоем.

Саидумрон САИДОВ,
номзади илмҳои филология

 

Add comment


Security code
Refresh