Паҳншавии зуҳуроти номатлубро пешгирӣ намоем

Экстремизм  ё ифротгароӣ яке аз падидаҳои  сиёсии  ҷаҳони муосир буда, мубориза бар зидди он дар охири асри гузашта ба масоили умумибашарӣ табдил гашт. Ақидаҳои ифротӣ тавассути созмонҳои гуногун паҳн гашта, шаклҳои мухталиф дорад.

Мафҳуми экстремизм дар конвенсияи аҳдномаи Шанхай чунин амале, ки барои ба таври зӯрӣ ғасб кардани ҳокимият, нигоҳ доштани он ва бо  роҳи зӯрӣ дигар кардани сохти конститутсионӣ, дахолати зӯроварон ба амнияти ҷомеа» равона гардидааст, маънидод шудааст Тоҷикистон низ чун иштирокчии ин созмон конвенсияро эътироф мекунад ва вазифадораст, ки дар дохилу хориҷи мамлакат зидди ин зуҳуроти номатлуби чаҳони муосир мубориза барад.

Ифротгароӣ дар мамлакатҳои Шарқ бештар дар шакли динию миллӣ зуҳур кардааст.  Ифротгароён барои ба мақсадҳои сиёсии худ ноил гаштан зери пардаи  динӣ амал мекунанд. Зеро бо ин роҳ мардумро ба воқеаҳои сиёсӣ ҷалб намудан осонтар аст.  Имрӯз ҷомеаи моро амали созмонҳои ғайриқонунии ҳизби «Таҳрир», «Ваҳҳобия», «Салафия» ба ташвиш овардааст. Чунки ақидаҳои ифротии ин созмонҳо на ба мустаҳкам кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон,  балки бар зидди он равона шуда, вахдату якпорчагии онро зери хавф мегузорад. Имрӯз аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳо андешида шуда истодааст, ки пеши роҳи паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб гирифта шавад. Барои ин дар мактабу донишгоҳҳои олии касбӣ пеш аз ҳама барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон бояд чораҳои мушаххас андешид.  Бояд ҳар як аъзои ҷомеа на танҳо ҳуқуқҳои худро донад, балки  дарку иҷрои ӯҳдадориҳои конститутсиониро вазифаи ҷонии худ ҳисобад.

 Террорист ватан надорад, дар куҷое набошад, кӯшиш мекунад, мафкураи ҷавононро вайрон ва ба роҳи худ ҷалб намояд.

Давлати Тоҷикистон ба ҳайси як субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ аз минбари СММ борҳо баҳри пешгирию мубориза алайҳи созмонҳои ифротгароӣ бо таклифҳои мушаххас баромад кард.  Ин иқдоми давлатро мардуми тоҷик бо дарки масъулиятшиносӣ ва амри зарурати марҳилаи кунунӣ дастгирӣ мекунад.  

Туғрал ШОКИРОВ,
профессори Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 

Add comment


Security code
Refresh