Мулоқоти судманд

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен вохўрии гурўҳи таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он Абдураҳмон Маҳмадов – ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадҷон Қобилов – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонҷон Мирсаидов – дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Дилрабо Раҳимӣ - муовини раиси ноҳия вохўриро ифтитоҳ намуда, мақсади баргузории чорабиниро шарҳ дод.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қобилов қайд кард, ки дар асоси пешниҳоди Сарвари давлат соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ин бори дигар таваҷҷуҳи Президенти кишварро нисбат ба соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллӣ дар кишвар бозгўӣ мекунад.

Абдураҳмон Маҳмадов зимни баромадаш роҷеъ ба масъалаҳои муҳими дар Паём зикргардида, аз ҷумла бобати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва фаъолияти пурсамари кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳарф зад.

Чунин мулоқот дар Ҷамоати деҳоти Тағояк низ баргузор гардид.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh