Ҳуҷҷати барномавӣ

Дар беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи С.Қутфиддинов бо иштироки гурўҳи корӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова, роҳбари гурўҳи корӣ дар шаҳри Хуҷанд, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Мўмин Машокир, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Олимҷон Мирмуҳаммедов, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ҷиҳати шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи маориф ва табибони беморхона ҷамъомад доир гардид.

Гулбаҳор Назирӣ дар баромади хеш мазмуну муҳтавои Паёмро ба ҷамъомадагон шарҳу тавзеҳ дода, зикр намуд, ки соли сипарӣ барои мамлакати мо бобарор буда, ҷашнҳои бузурги миллиро бо дастовардҳо истиқбол гирифтем. Мардуми тоҷик дар фазои сулҳу осоишта зиндагӣ намуда, байни давлатҳои пешрафта обрўву нуфузи мамлакат бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўз аз рўз баланд гардида истодааст. Паёми навбатӣ бо ғояҳои пурмазмун асос ёфта, ҳуҷҷати барномавӣ маҳсуб меёбад ва ба фаъолияти минбаъдаи пурсамар даъвату ҳидоят менамояд.

Саодат Аминҷонова оид ба масъалаи маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгўй набудани он изҳори андеша карда, зикр намуд, ки бо ибтикори Сарвари давлат оғози фаъолияти корхонаҳои фармасевтӣ бобати тайёр кардани дорувориҳо аз гиёҳҳои шифобахши диёрамон иқдоми нек аст.

Ба табобати беморон ҳамон вақт кафолат дода мешавад, ки агар сифати доруворӣ таъмин шавад. Аз ин рў, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки барои кам кардани муомилоти дорувории қалбакӣ ва пастсифат дар мамлакат чораҳои зарурӣ андешанд. Дар баробари ин, мунтазам зиёд шудани нархи доруворӣ низ мушкилоти соҳаи тандурустӣ гардидааст. Дар вохўрӣ чанде аз шаҳрвандон оид ба ин мушкилот изҳори андеша намуданд.

Чунин вохўриҳо дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии хонандагони болаёқат, Коллеҷи тиббӣ, Маркази фарҳанг, Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги Рўдакӣ ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ доир гардиданд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»
Cуратгир И.РАБИЗОД

Add comment


Security code
Refresh