Идомаи силсилавохӯриҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров силсилавохӯриҳо бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 22 декабри соли 2017 ироа гардидааст, идома доранд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 11 январ чунин мулоқот дар толори мактаби хонандагони болаёқати Ҷамоати деҳоти Хистеварз бо иштироки раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Чумъахон Давлатзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи иинтихоботии «Бобоҷон Ғафуров №14» Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ баргузор шуд.

Худи ҳамин рӯз дар Ҷамоати деҳоти Ғозиён вохӯрӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи иинтихоботии «С. Ӯрунхӯҷаев №15» Ахмедов Ҷаббор баргузор гардид.

Дар ин мулоқотҳо аъзои гуруҳи таблиғотию ташвиқотии Порлумони кишвар нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро аз 22 декабри соли 2017 ба интихобкунандагони худ шарҳу эзоҳ доданд.

Хотиррасон мекунем, ки вохӯриҳо бо интихобкунандагон оид ба шарҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 17 январи соли ҷорӣ идома меёбанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh