Вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони шаҳри Конибодом

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҷиҳати шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вохӯрӣ баргузор гардид.

Вохӯриро раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи баргузории онро шарҳ дод. Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Конибодом”, №19 Равшан Раҷабов вобаста ба нуктаҳои асосии Паём, бахусус масоили мубориза зидди терроризм, амнияти озуқаворӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва соҳаи сайёҳӣ, бонкдорӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ андешаронӣ намуд.

Баъдан мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Умед Бобозода, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Фурқат Ҳамидов, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ботур Алимов низ перомуни Паёми Сарвари давлат суҳбат намуданд.

Сокинони шаҳри Конибодом дар навбати худ ҳамовозии хешро ба Паёми имсола иброз дошта, қайд карданд, ки барои амалӣ намудани дастурҳои Роҳбари давлат софдилона меҳнат менамоянд.

Баргузории мулоқотҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа дар ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳр идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh