Имтиёз ва ҳадафҳои умедбахш

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ хусусиятҳо, афзалиятҳо ва ҳадафҳои стратегию давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳамаи соҳаҳо баён намуда, вазорату идораҳо, мақомотҳои қудратӣ, аъзоёни Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзоёни Ҳукумат, кулли хизматчиёни давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҷавонону бонувон, аҳли зиё ва умуман хурду бузурги мамлакатро даъват намуданд, ки минбаъд низ саъю кӯшиши худро ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои олӣ, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон сафарбар намоянд. Барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани азизамон содиқона хизмат намуда, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монда, соҳибкориву сармоягузориро такон бахшанд ва ҳарчӣ бештар ҷойҳои корӣ фароҳам оварда, самаранокии идоракунии давлатӣ таъмин карда шавад.

Дар ҷамъбасти суханронии худ, таъкид намуданд, ки «мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд». Ин гуфтаҳо шодиву сурурро дар дилҳо афзуда, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор ҳидоят менамояд.

Аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки соли 2018 - соли рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва амалишавии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад гардид.

Пешвои миллат доир ба дастоварду камбудиҳои ҷойдошта ва вазифаҳо дар соли 2018 ҷиҳати ҳифз ва рушди сатҳи иҷтимоии мардуми кишвар, дар сатҳи устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон изҳори назар намуда, қайд карданд, ки суръати рушди иқтисодиёт ба 7 фоиз ва ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ба 60 миллиард сомонӣ баробар гардидааст. Дар се соли минбаъда ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонӣ расонида мешавад. Ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017-ум 7,3 фоиз зиёд муайян гардидааст. Маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 ва дар муқоиса 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзудааст. Рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла саноат 21,5 фоиз, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 6 дарсад, савдои чакана 6,6 фисад ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 фоиз таъмин гардида, таваррум дар сатҳи 6,3 фоиз нигоҳ дошта шудааст. Дар ин раванд ҳаҷми содирот дар соли 2017 35,4 фоиз афзуда, воридот 10 фоиз кам шудааст, ки ин нишондиҳанда моро қонеъ гардонида наметавонад, зеро, ҳоло ҳам қисми зиёди маҳсулот бе коркарди ниҳоӣ содирот мешаванд.

Инчунин, вазъи буҷет, муносибатҳои пулию молӣ ва қарзии кишвар, ҳисоботи оморӣ, механизми ҷамъоварии маълумот, ноустувории сармоя ва низоми бонкӣ, сатҳи нокифояи қарздиҳӣ ва боз бисёр масъалаҳои дигар, ки дар рушди иқтисодиёти кишвар мавқеи созгору нақши калидиро бояд мебозанд, аз ҷониби Пешвои миллат таҳлили мушахас гардида, баҳри ислоҳи онҳо дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуд.

Паёми навбатӣ Паёми хоса буд, зеро он паёми инсонгароӣ, сиҳатии омма, паёми устувор гардонидани амнияти милливу давлатӣ, сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ буда, маҳаки асосии онро мақоми инсон ташкил менамояд. Инчунин, он паёми имтиёзҳо, мусоидат ба фаъолияти соҳибкорӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, рушди соҳаи тандурустӣ ҷиҳати воридоти технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ташхису табобат, рушди соҳаи маориф, фарҳанг ва рушди соҳаи паррандапарварӣ ва ба ин васила муҳайё кардани ҷойҳои кории нав мебошад.

Паёми навбатӣ мардуми шарифи Тоҷикистонро ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш хоҳад бурд. Ҳадафҳои стратегии ҳукумати Тоҷикистон, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва ниҳоят вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро фаро мегиранд, дар соли 2018 боқӣ мемонанд. Бояд қайд намуд, ки ин чор ҳадафи стратегӣ барои фарогирии 15 соли оянда пешбинӣ гардидааст. Зикр намудан бамаврид аст, ки дар Паёми навбатӣ ба ҳадафи чорум-вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул таваҷҷуҳи махсус дода шуд, зеро барои иҷрои ин ҳадаф тамоми ислоҳоти давлатӣ ва иқтисодӣ равона мегардад, то дар навбати аввал мардум ба ҷои кор ва шуғли пурмаҳсулу шоиста таъмин шаванд.

Аз Паёми навбатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ кулли мардуми кишвар, кормандони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, бахусус омӯзгорону кормандони соҳаи тиб, ҳунармандони халқӣ умедҳои зиёде доранд ва бо боварии том метавон гуфт, ки Паёми Пешвои миллат чун ситораи қутбнамо Тоҷикистони маҳбуби моро ба сӯи ободӣ роҳнамо гардида, онро ба кишвари пешрафтаву мутараққӣ табдил хоҳад дод.

Маҳмадризо Шарифов,
 мутахассиси бахши Хадамоти
давлатии назорати назди
шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ

Add comment


Security code
Refresh