Меҳвари фаъолият – волоияти қонун

Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи вилоят баргузор гардид. Дар машварат фаъолияти мақомоти Прокуратураи вилояти Суғд дар соли 2017 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ширкат намуд.

Доир ба фаъолияти мақомоти Прокуратураи вилоят дар соли 2017 прокурори вилояти Суғд мушовири давлатии адлия дараҷаи 3 Воҳидов ҳабибулло Сайдуллоевич баромади муфассал намуд. Дар заминаи он оид ба камбудиҳои ҷойдошта аз кормандони алоҳида пурсиш ба амал оварда, баҳри бартараф намудани онҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Аз баромади прокурори вилоят аён гардид, ки дар соли 2017 аз тарафи мақомоти прокуратураи вилоят ҳамагӣ 3529 (3671) муроҷиати шаҳрвандон ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ баррасӣ гардида, 654 (657) ё 18,5 фоизи онҳо қонеъ карда шудааст.

Вобаста ба онҳо 317 санади эътиноӣ бароварда, 75 (59) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 5 (17) нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида, 213,3 ҳазор сомонӣ маблағҳои зарар руёнида шудааст.

Ҳамзамон, 227 (191) қарори мақомоти таҳқиқу тафтиш бекор карда, дар  5 (114) ҳолат парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд.

Вазъи иҷрои қонунгузориҳо дар бораи замин, шаҳрсозию меъморӣ, муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи саломатии аҳолӣ, андозу гумрук, маориф, обу барқ ва ғайраҳо санҷида, зиёда аз 15210 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор карда, баҳри бартараф сохтани онҳо ва баррасии ҷавобгарии шахсони гунаҳгор 2980 амр дода, 1903 эътироз оварда, 1605 пешниҳод бароварда, 6975 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 828 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва инчунин 141,3 миллион сомонӣ зарарҳои моддии расонида ба манфиати давлат, корхонаҳо ва шаҳрвандон барқарор гардиданд.

Ғайр аз ин, ба 197 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин эътирозҳои назоратӣ оварда, 2 ҳазору 92 гектар қитъаи замини дар истифодаи ғайриқонунӣ қарордошта, ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.

Ба судҳои граҷданӣ 93 аризаи даъвогӣ ба маблағи 4,7 миллион сомонӣ, ба Суди иқтисодии вилоят бошад, 51 аризаи даъвогӣ ба маблағи 47,1 миллион сомонӣ оварда, ҳамаи онҳо қонеъ гардонида шудаанд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба фаъолияти мақомоти Прокуратураи вилоят баҳои мусбат дод ва баробари  ин таваҷҷуҳи роҳбарият ва дигар кормандони фаврӣ ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта нигаронида шуданд.

Прокурори генералӣ таъкид намуд, ки кормандони тамоми сатҳҳои ин мақомоти ҳомии қонун бояд нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармашқи фаъолияти касбӣ қарор дода, баҳри пурзӯр намудани назорати прокурорӣ ба иҷрои қонунгузории алохида оид ба сифати молу махсулот, ҳифзи сиҳатии мардум, маориф, туризм ва дигар самтҳо саъю талош варзанд.

Гулҷаҳон МАХКАМОВА

Add comment


Security code
Refresh