Хуҷанд: Оғози силсилавохӯриҳо доир ба Паёми Пешвои миллат

Бо мақсади шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар толори раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи нахустин баргузор гардид.

Раъно Ҳошимзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд нишастро оғоз намуда, роҷеъ ба ҳадафи гузаронидани силсилавохӯриҳо маълумот дод.

Сипас, Маҳмадалӣ Ватанзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ андешаронӣ намуд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Бобоев ва Гулбаҳор Назирӣ зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки дар Паёми Пешвои миллат нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар ироа гардид ва зикр шуд, ки дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт. Рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат 21,5 фоиз, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 6, савдои чакана 6,6 ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 фоиз таъмин гардида, таваррум дар сатҳи 6,3 фоиз нигоҳ дошта шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ, иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017-ум 7,3 фоиз зиёд муайян гардид.

Ректори ДДҲБСТ Мӯъмин Шарифзода доир ба эълон шудани "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" андешаронӣ намуда, зикр дошт, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷорӣ карда шавад.

Ҷамшед Ҷӯразода, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров зимни музокира доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ маълумот дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh