Алҳазар, аз фарҳанги бегона

ё дар бораи он ки ба ин аъмоли ношоиста худи мо - аъзои ӣомеа гунаікор нестем?

Асри ХХI-ро асри ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва омезиши босуръати фарҳанг ва забонҳо меҳисобанд.

Имрўз ҳар фард хоҳ шаҳрӣ бошаду хоҳ деҳотӣ имкон дорад, ки бемалол ба воситаи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) ё компютер дар як лаҳза бо дурдасттарин минтақаҳои дунё алоқаи интернетӣ барқарор намояд, тавассути он ҷаҳонро омўзад, бо халқҳои гуногуну тамаддунҳои мухталиф иртибот барпо намуда, чизи заруриеро ба худ гирад ва аз худ чизе ба каси дигар диҳад.

Албатта, ҳама гуна таҳаввулот ду тараф дорад, хубу бад.

Мо имрўз дида истодаем, ки чандин ҷавонони ноогоҳ ба воситаи интернет ба гурўҳу дастаpҳои ифротию ғайриқонунӣ шомил гашта, ба ҷони худ ҷабру волидайну наздикони худро ба ғаму андуҳ ва нокомиҳо мубтало сохта истодаанд.

Низорамоҳ Зарифова - ходими ҳизбию давлатӣ, собиқадори меҳнат, яке аз бонувони огоҳу бонуфузи кишвар дар як суҳбат бо хабарнигоре аз вазъи имрўзаи рўзгори ҷавонони мо изҳори нигаронӣ карда гуфтааст: “Баъзе аз ҷавонони мо имрўз бемасъулият шудаанд. Дар рафтору гуфтор, либоспўшӣ ва шеваи зиндагонӣ ба бегонагон тақлид мекунанд. Ин мусибати ниҳоят вазнин аст, вақте ки инсон забони модариашро гум мекунад. Забондонӣ гувоҳи фазилатмандӣ ва ҳамқадами замон будан аст, вале ягон кас ҳаққи маънавӣ надорад, ки ба хотири забони хориҷӣ аз урфу одат, фарҳанги миллӣ ва забони модарии хеш даст кашад”.

Ба андешаи ман, тақлид ба фарҳанги бегона, фаромўш кардани муқаддасоти миллӣ, аз қабили анъанаву расму оин ва фарҳанги либоспўшии миллӣ низ мисли фаромўш сохтани забони модарӣ ва паст задани арзишҳои хоси миллат аст.

Чанде қабл набераам Гулианор, ки дар синфи 2-юм мехонад, ба дарс тоқии нави гулдўзиеро ба сар карда, рафт. Модараш пеш аз он ки тоқиро ба сари ў пўшонад, кокулонашро боҳавсала майдабофӣ карда дар ду чаккаи ў гуллентаҳои сафеди зебоеро баст. Хурсандии набераам ҳадду канор надошт, вале ў аз дарс бо табъи хира баргашту тоқиро аз сар гирифта партофт.

Гуфт, ки писарҳои синфашон ба тоқипўшии ў хандида, “қишлоқӣ” номидаанд.

Шоми ҳамон рўз телевизиони Тоҷикистон лаҳзаеро аз мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони як Мактаби президентӣ ба намоиш гузошт, ки дар он гулдухтаракони синфҳои поёнӣ ҳама дар сар тоқии гулдўзии тоҷикӣ доштанд. Ман ба набераам гуфтам, ки “ана дидӣ, духтарчаҳои дар пойтахти кишвар мехондагӣ, мисли ту тоқии тоҷикӣ дар сар доранд. Бин, чӣ хел зебанда аст. Агар ту ҳам ҳар рўз тоқидарсар ба мактаб равӣ, писарҳои синфатон онро дида, одат мекунанд. Духтарчаҳои дигар низ ба ту пайравӣ карда, тоқипўш мешаванд”.

Дар як иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан масъалаи ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ ва мавриди дастгирӣ қарор гирифту дар вақти муҳокимаи он вакили маҷлис Зоҳид Бадиев пешниҳод кард, ки минбаъд дар тўйҳои арўсиву домодӣ арўсшавандаҳо либоси миллӣ ба бар кунанд, ки он иборат аз куртаи атласу чакан ва тоқии гулдўзию тўри тоҷикӣ бошад.

Ҳамаи вакилон ин пешниҳодро бо кафкўбӣ истиқбол карданд.

Дар ҳақиқат, он фатаи арўсие, ки тўйдорон аз мағозаҳо ба орият мегиранду барои истифодаи 1-2 соатаи он аз 500 то 2000 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд, моли бегона аст.

Солҳои 1978-1981 дар шаҳри Мазори Шариф, дар шуъбаи фармоиш ва таъминоти раёсати тафаҳҳуси нафту гази шимоли Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор мекардаму дар шуъба Файзудинхон ном маъмур ба кори дафтардорӣ машғул буд. Ў марде дар назар 50-55 сола, бисёр босавод, қуръондону ҳофизхон буду баҳору зимистон кулоҳи заврақмонанди қарокўлӣ мепўшид ва аз он бисёр ифтихор ҳам мекард. “Ин либоси миллии мост”, - мегуфт ў.

Боре суҳбатамон дар атрофи мафҳуми “салла” печиду ман аз ў пурсон шудам, ки чаро ў мисли муллоҳои дигар ба сараш салла намебандад?

Файзудинхон як лаҳза ба андеша рафту гуфт:

- Афсўс, ки ин муллоҳои камсаводи мо намефаҳманд, ки салла моли мардуми бодиянишин аст ва ба дини мубини Ислом ягон тааллуқ надорад. Салларо арабҳои мусалмон ҳам мебанданду ғайримусалмон ҳам. Он либоси миллии арабҳост ва 4 вазифа дорад.

Аввалаш он воситаи бисёр хубест барои пўшонидану эмин доштани чашму сару рўй аз тундбодҳои биёбонҳо, ки реги бисёреро ба осмон мебардоранду баъд ба сару рўю чашми одамон ва бому дари онҳо мепартоянд.

Вазифаи дувуми салла барои мардуми биёбонгард он аст, ки ҳар чизи дар даст доштаашонро ба даруни он меандозанду ба китф мебардоранд. Вазифаи сеюми салла дар биёбонҳо барои соҳибаш рахти хобро иҷро мекунад. Мусофир болои рег онро паҳн мекунаду хоб меравад. Ва вазифаи чоруми салла он аст, ки ҳангоми дар биёбонҳо фавтидани мусофир ҷасади ўро ба саллааш печонида, гўр мекунанд. Яъне салла вазифаи такфинро низ иҷро мекунад.

Аз ин лиҳоз, кас бо саллабандӣ мусалмони комил ҳам намешаваду муллои зўр ҳам, - бо изтеҳзо хандида ҷавоб дода буд Файзудинхон.

Ҳамин сол нависандаи ин сатрҳо дар шумули наздик ба 6 ҳазор нафар зоири Тоҷикистони соҳибистиқлол тавофи Хонаи Худо ва зиёрати шаҳрҳои муқаддаси Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввараро ба иҷро расонидам. Барои ман бисёр тааҷҷубовар буд, ки баъзе аз ҳамватанони мо дар ҳоли дидани ҳоҷиёни мамлакатҳои Индонезия, Малайзия, Марокашу Африқо, ки дар тан либосҳои миллии худро доштанд, ҳанўз дар рўзҳои аввали сафар куртаю эзори домандарози сафеди арабиро ба бар карданд.

Дар шаҳри Мадинаи мунаввара дар меҳмонхона зоирони зиёд омадани лифтро мепоиданд, то ин, ки ба поён фароянд. Чашмам ба ҷавонмарди қоматбаланди сафедчеҳраи 30-35 солае бархўрд, ки дар тан либоси сап-сафеди арабӣ ва дар сар рўймоли сурху аз болои он чанбаракеро гузошта буд, ки хоси мардони араб аст. Аксари арабҳо зангӣ, сип-сиёҳу сиёҳҷурдаанд. “Дар байни арабҳо сафедпўстон ҳам будаанд-дия”, - аз дил гузаронидам ман.

Ногоҳ ин “араб” бо ҳампаҳлўяш ба тоҷикӣ сухан кард. Яъне ин марди тоҷик бар замми он, ки ба тан либоси бегона пўшида буд, боз ба сар рўймол гирифта, чуноне ки гуфтам, аз болояш ҳалқаеро гузошта буд. Тақлид бисёр ноҷо ва хандаовар буд, вале касе аз ҳамватанон чизе намегуфт. Ман ба ҷавон бо нармӣ фаҳмонидам, ки дар ин ҷо дар симои ҳар марду зани тоҷик хориҷиҳо симои Тоҷикистонро мебинанд.

Мо ҳар яке чун афроди огоҳи кишвар ифтихор доштани худро аз Ватану миллати хеш нишон диҳем. Бо забондонӣ, бо фарҳанги қадима ва бо сару либоси миллии худ. Вале дар ҷавоби ин суханҳои ман ба қавли мардум “аз санг оташ париду аз он ҷавонмард посухе нашуд”.

Мўйсафеди нуроние, ки ҳамватани мо буд, ба ин тақлидкори тоҷик бо истеҳзо нигоҳ карду гуфт: “ҳама ба ин ҷо бо мақсади зиёрати Хонаи Худо оянд, шумо, писарам, бо нияти ба сар рўймол бастан омада будаед-дия!”.

Ҳамин лаҳза лифт омаду ҷавонмард як нигоҳи бадқаҳрона ба ҷониби мўйсафед карду ба он савор шуду рафт...

Ба назари ман ҷаҳонишавии тамаддунҳо барои мо, тоҷикон, хусусан ҷавонони мо бояд ба минбари баланди тарғиби таърихи куҳан, забону фарҳанги бою баланди мо, мавриди нишон додани арзишҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои қадимаамон табдил ёбад, то ҷаҳониён бинанду биомўзанд, ин ҷаҳонишавӣ набояд боиси гумроҳона шомил шудани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгарою ғайриқонунӣ, қабули таассуби динию кўр-кўрона тақлид кардан ба фарҳанги бегона гардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли 2015 ба муносибати Рўзи Модар дар мулоқот бо бонувони кишвар чунин гуфта буданд: “Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст.

Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпўш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпўшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпўшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспўширо намедонанд ва, ҳатто, донистан намехоҳанд”.

Ин ҳама бегонапарастии бархе аз мо, дур будан аз ҳуввияти милливу ифтихори миллӣ, камогоҳӣ аз ватану таъриху адабу фарҳанги бостониамон албатта, сабабҳои худро доранд.

Ҳусейни Назрулло,
шаҳри Истаравшан

Add comment


Security code
Refresh