Дар шаҳри Бӯстон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қад афрохт

Рӯзи 28 декабри соли 2017 Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, дар расми ифтитоҳи маҷмааи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди Қасри фарҳанги шаҳри Бўстон қомат афрохтааст, ки баландии он 18 метрро ташкил медиҳад. Барои навсозии майдони мазкур ва гузоштани Нишони давлатӣ 1,2 миллион сомонӣ масраф шуда, ин мавзеъ ба макони ободу зебо табдил дода шудааст.

Корҳои лоиҳавӣ аз ҷониби Корхонаи фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар шаҳри Бўстон тартиб дода шуда, фармоишгар  Корхонаи воҳиди давлатии ободонии иншоотҳои коммуналию иҷтимоии шаҳр ва пудратчӣ - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сомонзод» мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh