Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири нав эътимоднома қабул намуданд

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири  навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Муғулистон Лувсан Баттулга, Ҷумҳурии Индонезия Раҳмат Прамоно, Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Аҳмад Султон Иссо Ал-Ҷобир, Шоҳигарии Марокаш Абдулҷалил Саубрӣ, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ хонум Кейтуметси Тандека Метюс, Ҷумҳурии Кипр Леонидас Маркидес ва Давлати Исроил Эдуард Шапиро эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи давраи соҳибистиқлолӣ дар доираи сиёсати бобарори дарҳои кушода, бо доираи васеи ҷомеаи олам ҳамкории судманду баробарҳуқуқро дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба роҳ монда, густариш медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманд бо кишварҳои қитъаи фарохи Осиё, Осиёи Ҷануби Шарқӣ, кишварҳои олами араб ва давлатҳои қитъаи Африқо андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъйини Муғулистон, Индонезия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Марокаш, Африқои Ҷанубӣ, Кипр ва Исроил бо шароиту имкониятҳои васеъи равобити гуногунҷанба, фазои мусоиди сармоягузорӣ шинос шуда, барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷаҳду талош мекунанд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Add comment


Security code
Refresh