Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯйдоди беназир

18 ноябри соли равон бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри таърихии Арбоб Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд.

Дар кори конфронси ҷумҳуриявӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, собиқ депутатҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанду ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аҳли зиёи мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ифтитоҳ карда, аз ҷумла изҳор намуд, ки таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории ин Иҷлосияи тақдирсози миллат сарчашма мегирад. Маҳз, дар ин Иҷлосия ба бахти миллати тоҷик ва бо инояти Парвардигор ҷавонмарде ба арсаи сиёсат ворид гардид, ки бо фаъолияти пурсамари хеш Тоҷикистонро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ бахшид ва сулҳу ваҳдати комилро дар кишвар барқарор сохт. Дастовардҳое, ки давоми ин солҳо Тоҷикистони соҳибистиқлол ноил гардид, аз сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суханронии хеш аз дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар солҳои охир ёдовар гашта, зикр дошт, ки дар натиҷаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо, бахусус энергетика ва саноат, роҳу нақлиёт рушди бемайлон таъмин гардида, сатҳи зиндагии мардум бамаротиб беҳбудӣ ёфтааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев низ суханронӣ намуда, аз нақши Иҷлосияи таърихӣ дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар ва хидматҳои беназир ва мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, таъкид дошт, ки Пешвои миллат ҳамзамон поягузори давлати навини тоҷикон мебошанд ва маҳз бо талошу ҷоннисориҳои ин фарзанди фарзонаи миллат Тоҷикистон ба як кишвари ободу зебо табдил ёфт ва дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибмақом гардид.

Ҳамзамон, дар конфронси ҷумҳуриявӣ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, аз ҷумла Гулафзо Савриддинова, Рафиқа Мӯсоева, Адолат Раҳмонова, Ғайбулло Авзалов, Амонҷон Абдуллоев, Муродҷон Тоҳиров, Ҳошим Азимов, Ҳамдам Рофиев, Зуракан Давлаталиева, Ҳайдар Шарифов перомуни нақш ва саҳми Иҷлосияи тақдирсоз ибрози назар карда, мафҳумҳои Истиқлолият ва Иҷлосияро тавъам маънидод карданд.

Инак, ба таваҷҷуҳи хонандагони рӯзнома фикру андешаҳои иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявиро пешниҳод менамоем. 

Адолат РАҲМОНОВА – вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон:

- Тоҷикистони  обод ва  дастовардҳои беназири он дар зарфи 25 сол бори дигар исбот кард, ки  мо, вакилони Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-ум дар интихоби Роҳбари давлат, Раиси Шӯрои Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  қадами ҷиддӣ ва дуруст гузоштаем. Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он аст, ки хатари ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат аз миён рафтани тоҷиконро пешгирӣ кард.  

Роҳи расидан ба сулҳ басо душвор, пурмонеа ва ноҳамвор буд. Ба хотири таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ дар шароите, ки ҳеҷ кас кафолати амнияти Роҳбари давлатро дода наметавонист,  Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои ноороми кишвар  ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  сафарҳои зиёде анҷом доданд. Чун фарзанди фарзонаи ин миллат ба қавли додаашон содиқ монда,  ҳамватанони гурезаи моро ба Ватан ва сулҳро ба ҳар хонадони Тоҷикистон оварданд.

Боиси ифтихор аст, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон дар таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодир эътироф шуда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтааст.

Мо бояд аз гузашта, алалхусус аз гузаштаи пурфоҷиа, сабақ бигирем. Ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Сулҳу ваҳдати ба ивази ҷонбозиҳои зиёд бадастомадаро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳид шавем ва ба насли оянда Тоҷикистони пешрафтаро ба мерос гузорем.

Фарҳод РАҲИМӢ- Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик:

- Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи раҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳалаи навини таърихӣ овард. Ин марди майдони сиёсати минтақавӣ ва башарӣ бо рӯҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуд, балки дар эъмори давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми сазовор гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари ҳокимият омад, ки тамоми сохтор ва дастгоҳи давлатӣ ва ҳукуматӣ бар асари даргириҳои бемаънӣ, ноҷӯрию дарҳам-барҳамиҳои сиёсӣ билкул фалаҷ шуда, кишвар ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ афтода буд. Манзараи даҳшатовар ва хунини ҷанги шаҳрвандӣ ҳатто имрӯз ҳам, бо гузашти бисту панҷ сол хобу хаёли мардуми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк накардааст ва чун кобуси ваҳшатзо олами руъёи мардумро таҳти таъсир қарор медиҳад. Дар чунин вазъи фоҷиабор Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ва давлатдории миллӣ ворид гардид ва ҷасурона дар ин масири мушкилписанди сиёсӣ гомҳои устувор бардошт.

Албатта, давлатдорӣ ва мудирияти сиёсӣ кори ҳаркаснест, чунонеки як зумра назарияпардозони дохилию хориҷӣ мепиндоранд. Ба дараҷаи пешвои сиёсӣ ва ниҳоятбадоҳиимиллӣ расидан маҳорат, таҷриба, сиёсат ва ҷуръату масъулияти фавқулоддаротақозоменамояд.

Имрӯз низ сиёсати давлатӣ, ки таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи сиёсати миллӣ дар сатҳи иҷтимоиро пайгирона дунбол менамояд. Боварии комил дорем, ки миллати тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, рушди ҳамаҷонибаи кишвар таъмин карда мешавад.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh