Бокам аз туркони тирандоз нест…

(Сухане чанд дар ҳошияи мусоҳибаи Шамс Азизов, судяи Суди Олӣ, ки ҳалнома дар бораи ташкилоти террористӣ - экстремистӣ шинохтани ҲНИТ  қабул кардааст.)

Бояд хотирнишон сохт, ки дар ҷумҳурии мо падидаи номатлуби исломниқоби ҳизб бозии динӣ дар нимаи дуюми солҳои 80-ум бо роҳандозӣ гардидани «перестройкаи» Горбачиёвӣ оғоз ва дар як муддати кўтоҳ тамоми ҳудуди ҷумҳуриро бо номи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо сардории С.А.Нурӣ, М.Ҳимматзода, Давлат Исмон, Қорӣ Муҳаммадҷон ва амсоли инҳо фаро гирифт. Маҳз ба майдони сиёсат воридшавии ин ҳизби ифротӣ роҳро барои кишварҳои манфиатхоҳ боз намуд. Бо сармоягузории онҳо роҳбарияти ин ҳизб дар ибтидои солҳои 90-ум ба ташкили гирдиҳамоиҳо оғоз намуд, ки он дар ниҳояти кор ба бархўрдҳои мусаллаҳона ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Натиҷаи амали онҳо буд, ки вилояти овозадори Қурғонтеппа ба майдони набардҳои бародаркушӣ табдил ёфт ва садҳо ҳазор сокинони он ба Афғонистон ва ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ фирорӣ гардиданд ва корхонаҳои азими саноатии он аз кор монданд.

Бояд хотирнишон сохт, ки соли гузашта дар ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи басо муҳим рух дод, ки бо Қарори Суди Олӣ  фаъолияти ҲНИТ  манъ ва он ҳамчун ташкилоти террористӣ - экстремистӣ шинохта шуд. Сарони ин ҳизби ифротӣ пас эъломи ҳалномаи Суди Олии кишвар дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон сару садо баланд намуда, ин қарори судро хостанд дар чашми ҷаҳониён назди Конститутсияи кишвар арзёбӣ намоянд. Ин ҳалномаи сарнавиштсози барои ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ муҳимро судяи Суди Олӣ Шамс Азизов, ки вай аз тамоми ҷузъиёти ин парванда ба хуби огоҳ аст, қабул намуда буд. Аз ин рў, вай дар суҳбаташ бо рўзноманигор Шарифи ҳамдампур тамоми ҳадафҳои нопоки ин ҳизби ифротӣ ва хоҷагони хориҷии онро боз ва ба ҳамагон маълум сохтааст. Аз ҷумла, мавсуф зикр намудааст, ки дар «5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ  ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон  қарорҳои  ниҳоии судӣ қабул  карда шуданд, 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд».

Чӣ тавре ки мебинем ба туфайли фаъолияти пайваста мақомоти қудратии мо тавонистанд, ки ин амалҳои ҷиноятии аъзо ва роҳбарони сатҳҳои мухталифи ин ҳизбро муайян ва даст доштани онҳоро дар амалҳои террористӣ исбот ва онҳоро тибқи қонун муҷозот намоянд.

Исботи иртиботи ногусастанӣ доштани ин ҳизбро бо ДИИШ фош намуда, исбот намуданд, ки дар кори овехтани парчами ин ташкилоти ифротӣ дар кўпруки деҳаи Чашма-1-и шаҳри Норак 11-уми августи соли 2015 панҷ нафар аъзоёни ҲНИТ Д.Саидов, Д.Фозилов, Қ.Пиров, Т.Хоҷамуродов ва Ҷ.Абдуллоев даст доштанд, ки онҳо ин амали худро бо мақсади барангехтани адовати сиёсӣ ва динӣ ва дар ин замина халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ анҷом дода буданд.

 Гузашта аз ин мақсади ташкил намудани гурўҳҳои махсуси низомӣ бо мақсади забти Қасри миллат, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва дигар сохторҳои ҳаётан муҳими кишвар шаҳодати он аст, ки раёсати ин ҳизби ифротӣ ҳеҷ гоҳ аз мақсади бо роҳи зуроварӣ ғасб намудани ҳокимияти сиёсӣ ва ташкили ба истилоҳ давлати исломӣ даст накашида будааст. Онҳо зери шиори сулҳу ваҳдат тибқи фармудаи хоҷагони хориҷии худ ба иқдомҳое даст мезадаанд, ки баръакс барои аз байн бурдани сулҳу субот дар кишвар ва ҳифзи манофеъи геополитикии бегонагон  равона гардида будааст.

Махсусан аъмоли ҷиноятии ин ҳизби ифротӣ рўзҳои 3-4 сентябри соли 2015 ҳангоми кўшиши табаддулоти давлатӣ бо сардории А.М. Назарзода боз ҳам бештар маълум гардид, ки онҳо беш аз 150 нафарро мусаллаҳ карда, пойгоҳи низомӣ дар шаҳри Душанбе ва бахши милисаи ноҳияи Кофарниҳон ҳамлавар гардиданд. Аммо ба ивази қурбонӣ мақомоти қудратии мо тавонистанд ин хоинони ватан ва душманони миллатро маҳв намуда, пеши роҳи бесуботию нооромиҳоро дар кишвари азизамон боздоранд.

Дар охир ба ин нуқта ишора фармуд, ки бо Қарори Суди Олӣ пеши роҳи фаъолияти ин ҳизби ифротӣ, ки пиёдасози манофеъи кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон буд, манъ карда шуд ва роҳбарияти сиёсии он тибқи аъмоли ҷиноияшон ба муҳлатҳои мухталиф равонаи зиндон гардиданд. Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ шояд дар нисбати чунин ашхос ин байтро гуфтааст:

Бокам аз туркони тирандоз нест,

Таънаи тироваронам мекушад!

Р.Мамадқулова,
устоди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh