Мулоқоти таърихӣ

Имсол миллати куҳанбунёди мо ҷашни муҳими сиёсӣ ва миллӣ 25-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихор қайд мекунад. Зеро Иҷлосия аввалин иқдоми наҷотбахш дар барқарор гардонидани сохти конститутсионӣ ва гузошани пояи асосӣ ба Истиқлолияти давлатӣ буд.

Ҳанӯз ҳам дар хотир дорам. Дар ҳамон вақт Кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Ленинобод бо ташаббуси дар шаҳри соҳили Сир гузаронидани сессия баромад кард. Нимаи дуюми моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сессияи Шӯрои Олӣ ба кори худ оғоз намуд. Дар он ба ғайр аз депутатҳо инчунин, 70 нафар рӯзноманигори ватаниву хориҷӣ иштирок карда, оламиёнро бо фаъолияти Иҷлосия ошно мекарданд.

Аз рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» мо, мудирони шуъбаҳо, банда ва шодравон Ҳасанбой Шарифов, мухбирон Ҳасани Порсо ва Ҳадиятилло Тӯйчиев (рӯҳашон шод бод), инчунин суратгири зиндаёд Исроил Рабизод иштирок мекардем. Ҳар рӯз субҳи барвақт аз майдончаи назди меҳмонхонаи «Ленинобод»-и шаҳри Хуҷанд вакилони мардумӣ ба Қасри Арбоб, ҷойи баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ пеш мегирифтанд ва мо рӯзноманигорон ҳамроҳи онҳо будем.

Хуб дар хотир дорам, ки рӯзи аввали сессия, ки ҳамагон онро дер боз интизорӣ мекашиданд, Раиси Шӯрои Олӣ А. Искандаров пешниҳод кард, ки пагоҳ сессия ба кори худ оғоз кунад, зеро онҳо пурра омода нестанд.

Депутат аз шаҳри Панҷакент Бобораҷаб Бобоев назди минбар рафт ва гуфт, ки тамоми мардум умедвор аст, ки дар рӯзи таъиншуда корро оғоз мекунем. Агар оғоз накунем, аз боварии мардум мебароем.

Депутатҳо ин пешниҳодро қабул карданд ва сессия кори худро оғоз бахшид. Сипас, комиссияи баҳисобгирӣ ва котибот интихоб шуд. Депутатҳо пешниҳод карданд, ки то интихоби Раиси Шӯрои Олӣ кори сессияро депутат Ҳабибулло Табаров барад.

Дар сессия ба ғайр аз мухбирон боз намояндагони шахсии Президентҳои Қазоқистон, Қирғизистон, ӯзбекистон ва сафири фавқулодда ва мухтори Россия дар Тоҷикистон, ҳамчунин гурӯҳи калони зиёиён: олимон, нависандагон, рассомону шоирон ва дигар шахсони муътабари ҷумҳурӣ иштирок карданд.

Вакили мардумӣ Б.Мирзоев пешниҳод намуд, ки ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ Раиси кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонов пешбарӣ карда шавад. Ин таклифро аз номи депутатҳои шаҳри Хуҷанд Ҷаҳон Набиев дастгирӣ кард.

Аз рӯҳияи депутатҳо маълум буд, ки ҳама ба тарафдории ӯ овоз медиҳанд ва дар ҳақиқат ҳам аз 197 вакил 186 нафар ин фикрро тасдиқ карданд.

Интихоби Раиси нави Шӯрои Олӣ дар саросари кишвар дастгирии кулл пайдо кард. Ба маркази матбуоти Иҷлосия зиёда аз 2000 барқияи шодбошӣ дохил шуданд.

Баъди ба ин вазифа интихоб шудан Э.Ш.Раҳмонов пеш аз ба минбар баромадан, назди Парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварданд. Онро бӯса карда, нутқи кӯтоҳ намуданд.

Аз суханҳо ҳамин дар хотирам боқӣ мондааст, ки то охирин гурезаро ба Ватан наоранд ва дар Тоҷикистон сулҳ барқарор нашавад, ором нахоҳанд гирифт.

Иҷлосия бисёр масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода буд ва агар ҳамаи онро навишта кунем, китоби бузург мешавад. Вале як нукта ҷоизи қайд аст, ки дар рӯзҳои кор бо бисёр шахсиятҳо: депутатҳо Адолат Раҳмонова, Гулафзо Савриддинова, Валентина Абдусамадова, Сафаралӣ Кенҷаев, Ҷаҳон Набиев, Абдулмаҷид Раҷабов, Саидшариф Шарифов, академик, раиси ҷамъияти «Пайванд» Муҳаммад Осимӣ, шоир Мӯъмин Қаноат ва дигарон суҳбат оростаам.

Аммо воқеае, ки 5-уми декабри соли 1992 рух дод, аз хотирам ҳеҷ гоҳ намеравад. Бо мусоидати баъзе ашхос бо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот сурат гирифт. Он рӯз мо, мухбирони нашрияи «Ҳақиқати Ленинобод», ҷонишини сармуҳаррир Мазбут Воҳидов, мудирони шуъбаҳо Ҳасанбой Шарифову банда ва мухбир Ҳадиятилло Тӯйчиевро дар бинои Кумитаи иҷроияи вилояти Ленинобод Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд. Ростӣ, ҳамаи моро ҳаяҷону изтироб фаро гирифта буд. Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти нашрия ва кормандони рӯзнома дар омодагӣ ва гузаштани Иҷлосия баҳои баланд доданд. Аз нақшаҳои ҳукумат дар оянда, ба шароит мутобиқ намудани қонуни ҷумҳурӣ «Дар барои матбуот ва васоити ахбори омма» сухан ронданд.

Имрӯз фикр мекунам, ки мулоқот бо Раиси Шӯрои Олӣ, баҳояшон ба фаъолияти нашрияи «Ҳақиқати Ленинобод» қадршиносӣ буда, аз ҳамаи мукофотҳо боло меистад.

Аз он рӯзҳо 25 соли пурра гузашт. Дар ҳамон рӯзҳои душвор Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ зимоми давлатдориро ба дасти Эмомалӣ Раҳмон супурд. Агар имрӯз дурусттар дарк намоем, рушду пешрафти ободонию созандагӣ ва обрӯю нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи зич дорад. Сарвари давлат ба ваъдаи худ вафо карданд: ба мардум сулҳу ваҳдат оварданд, Истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистонро таъмин намуданд.

Ғафури Нарзулло,
иштирокчии Иҷлосияи ХVI
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ, директори МТМУ №3, шаҳри Истаравшан

Add comment


Security code
Refresh