Хиёнаткор рўзгори босаодат намебинад!

Имрўзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби хоинони миллат ва фарзандони нохалаф перомуни Тоҷикистони азиз сару садоҳои зиёде, матолибу туҳматҳо, маводу варақаҳои тафриқаафканона ба нашр расонида мешаванд. Ба ин матолиб равшанфикрон вокунишҳо нишон дода, онҳоро ба дурўягӣ маҳкум менамоянд.

Аз ҷумла дар поварақи як шабакаи иҷтимоӣ яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии фейсбук зикр доштааст, ки Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳамроҳони ў як маротиба ба худ савол намедиҳанд, ки дар як муддати кўтоҳ онҳо аз куҷо ин қадар маблағ дастрас намудаанд ва дар кишварҳои пешрафтаи Аврупо зиндагонӣ намуда истодаанд. Магар ин ҳама хизмати хирсона ба Ватану миллат (агар Шумо Ватану миллат дошта бошед) нест, ки аз хоҷагони хориҷиатон барои ноором сохтани Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ гирифта, кўшишҳо намуда истодаед.

Инчунин тамоми корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба аъзо ва пайравони ин ташкилоти экстремистӣ - террористӣ нафрати хешро баён менамоянд.

Дар партави ин нигоштаҳо ман ҳам хостам чанд андешаи хешро баён созам. Асосан нисбат ба худи хоини миллат Кабирӣ ва иштирок накарданаш дар ҷанозаи модар ва, ҳатто, падараш каме андешаронӣ кунам, аммо хостам дар бораи фарзанди ў Муҳаммад Тиллозода каме ҳарф занам. Хушбахтона, имрўз равшанфикрон боҷуръатона оид ба хиёнатҳои ин фарзандони нохалафи миллат андешаҳои хешро баён менамоянд.

Шоми дирўз дар Агентии иттилоотӣ мақолаеро таҳти унвони “Кабирӣ Муҳсиддинро дар рўзи мавлудаш кушт”, ки ба қалами Эҳсони Ёдгор тааллуқ дорад, хондам.

Воқеан дар матлаби мазкур оид ба амали ҷинояткоронаи фарзанди Кабирӣ маълумот дарҷ ва дуруст ҳам номгузорӣ шудааст. Дарвоқеъ, сабабгори аслии ин ҳодиса, Кабирӣ аст, зеро ў дар он фурсат ба фарзанди шаҳодатномаи ронандагӣ надошта бо маблағи хоҷагонаш мошини гароннарх харида, боиси ба мотам табдил додани рўзи таваллуди фарзанди оилаи камбизоат гардид.

Дар ин росто гуфтанием, ки маҳз оҳи дили чунин модарони аламдида аст, ки ин ашхоси ватанфурўш асло ҳаёти босаодатро намебинанд. Агар хоинон гумон кунанд, ки дар канори хоҷагон гаштан ҳаёти осоиштаву хуррам аст, хато мекунанд, зеро «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар» мебошад.

Фарҳод Воҳидов,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh