Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои тантанавӣ баргузор шуд

Бахшида ба  Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои тантанавӣ баргузор шуд.

Аз ҷумла, дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолон, роҳбарони мақомоти қудратӣ ва аҳли зиё маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид намуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ба рӯйдоди нодири таърихи миллат- баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванди мустаҳкам дорад, зеро масъалаи қабули ин ҳуҷҷати раҳнамои миллат маҳз дар ин Иҷлосия таҳти раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда, барои омода намудани матни Конститутсия аз ҳисоби донишмандону ҳуқуқшиносон ва коршиносони сиёсӣ ҳайати корӣ ташкил гардид. Натиҷаи фаъолияти ин гурӯҳи корӣ буд, ки дар фосилаи ду сол як матни ҷавобгӯ ба меёърҳои ҷомеаи шаҳрвандии башарӣ омода гардида, аз ҷониби коршиносони ҷаҳонӣ баҳои баландро сазовор гардид.

Дар чорабинии тантанавие, ки дар шаҳри Конибодом доир шуд, раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ сокинони шаҳрро ба муносибати фарорасии солгарди навбатии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона таҳният гуфт. Ғайбулло Боҳирӣ зимни суханронии худ зикр кард, ки Конститутсия санади сарнавиштсози миллат ва омили муттаҳидшавӣ маҳсуб ёфта, дар эъмори давлати дунявӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, такмили сохторҳои давлат ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон саҳми назаррас дорад.

Сокинони ноҳияи Мастчоҳ низ бо баргузории чорабинии идона ҷашни 23 — юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд. Ба ин муносибат дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳифзи ҳуқуқ, масъулини ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони ВАО ҳамоиши идона баргузор гардид.

Нахуст раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода зимни ироаи сухани табрикотӣ аз мақому нақши Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар эъмори давлати мустақил, бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, амнияти мамлакат, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва рушди рӯзафзуни кишвар сухан гуфта, иброз намуд, ки  Конститутсияи Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститусияҳои эътироф шудааст.

Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ ҷашни 23 — юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh