Кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо

Амри тақдир будааст, ки ба туфайли Истиқлолият ҳамчун миллати озоду мустақил зиндагӣ ва кору фаъолият дорем. Истиқлолият ба мо имконият дод, ки Конститутсияи нави худро қабул карда, низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хоси миллии худро ба роҳ монем.

Қабул шудани Конститутсияи нав ба ҷомеаи ҷаҳонӣ моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд. Давлати навбунёд таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустаҳкам ва таъмини бехатарии марзу буми Тоҷикистон ва кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон фароҳам гардид.

Дар таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҳлилу баррасии пешниҳодҳои сершумори мардуми шарифи Тоҷикистон, конститутсияҳои давлатҳои гуногуни ҷаҳон ва таҷрибаи мусбати андўхта дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд мавриди истифода қарор дода шуд. Конститутсияи нави Тоҷикистон, ки таҷассумгари орзуву армони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустақил ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Таърих ибратомўз аст ва онро аксарияти мардуми солор ба куллӣ ҳис намуда, ба қадру қиммати сулҳу суботи комил мерасанд ва намегузоранд, ки андешаву ғояҳои ифротиву бегона вориди мафкураи мо гашта, ваҳдати миллӣ ва вазъи сиёсии кишвари моро халалдор кунанд.

Барои ин ба мо зарур аст, ки дар чорчўбаи Конститутсия ва қонун зиндагӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кўшиш намоем ва хусусан ҷавононро дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия кунем.

Ворид гардидан ба иқтисоди бозоргонӣ ҳамчун марҳалаи гузариш ба низоми нави иқтисодӣ, ки муносибатҳои ҷадиди истеҳсолӣ, шаклҳои гуногуни моликият (аз ҷумла, моликияти хусусӣ), барқарор ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои соҳибкор ва заминаҳои ҳуқуқии онро тақозо мекунад, ки ин дар Конститутсияи ҷумҳурӣ инъикос ёфтааст.

Албатта, ҳеҷ кас худ аз худ чизе намешавад. Барои ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намудан, дар тафаккури онҳо ҷой додани андешаи нек ба осори фарҳангии ниёгонамон муроҷиат намудан лозим аст.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.

Зеро, давлати мо тибқи Конститутсия ҳамчун кишвари дунявӣ муаррифӣ гардидааст.

Конститутсияи нав барои шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ низ асоси устувор гузошт, ки бешак, рисолаи саодатномаи миллат аст.

Н.АВАЗМАТОВ,
муаллими калони кафедраи
ҷомеашиносии Донишкадаи
иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh