Муқаддасот ва рамзи худшиносӣ

Конститутсия рамзи соҳибистиқлолии ҳар як давлат мебошад. Дар ин санад сохт ва низоми давлатдорӣ, равиши ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сохтор ва меъёрҳои қонунии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамаи самтҳои асосии ҳаёти ҷамъият ба таври мушаххас муайян карда шудааст.

Баъд аз соҳибистиқлолӣ барои омода намудани лоиҳаи Конститутсияи навини Тоҷикистон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи конститутсионӣ ташкил карда шуда, ҳуқуқшиносон ва мутахассисони эътирофгардидаи соҳаҳои гуногун ба гурўҳи корӣ шомил гаштанд. Баъдан, лоиҳаи Конститутсияи навин ба таври васеъ ба муҳокимаи мардум вогузор карда шуд.

Санаи 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ мардуми шарифи кишварамон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд. Ин рўз дар сарнавишти таърихи миллатамон чун рўзи фаромўшнашаванда, рўзи бахтномаи миллӣ эътироф шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии азизамон аз тарафи кулли давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид чун баёнгари мақсаду мароми халқ, муайянкунандаи роҳи ояндаи миллат эътироф карда шуд.

Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлатҳои олам чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд. Аз ин лиҳоз, Конститутсия яке аз муқаддасот ва рамзҳои давлатдории мост.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў тазаккур ёфтааст. Ин арзишҳо минбаъд тамоми паҳлўҳои ҳаёти ҷомеаи моро муайян намуд.

Бо назардошти такомулу пешрафти ҳаёти ҷомеа ва муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади асосии давлат пеш омад. Минбаъд бо раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Ин амал институти нави ҳуқуқӣ набуда, он қисми ҷудонашавандаи амалия ва таҷрибаи конститутсионии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгўи меъёрҳои эътирофнамудаи байналмиллалӣ буда, пояи устувори давлати тоҷикон аст.

Имрўз месазад, ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба Конститутсия эҳтиром оварда, баҳри рушди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳмгузор бошад.

Набизода Наргиса Ҳаким,
судяи Суди шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh