Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон

Санаи 23 октябри соли 2017 дар “Қасри фарҳанг”- и шаҳр бо иштироки зиёда аз 300 нафар ҷавонон, сокинон ва кормандони соҳаҳои мухталифи шаҳр конфронси илмӣ – назариявӣ бахшида ба 25 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар конфронс вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ӯрунхоҷаев №15 Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович, иштирокчиёни Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Эргашбой Саидович, Фатҳиддинов Бойпоччо, собиқадорони меҳнат ва устодон иштирок намуданд.

Нахуст, муовини Раиси шаҳр Зоирӣ Щ.М. конфронсро оuоз намуда, оид ба аҳмияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз ибрози андеша намуд. Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дар мавзӯи “Нақши Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон” маърӯза намуда қайд кард, ки баргузории Иҷлосияи 16 – ум ин ощози марҳилаи воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.

Аз ин рӯ, зарурият пеш омад, ки бояд Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олӣ баргузор гардад ва онро фақат нерӯи созанда метавонист баргузор намуда, ватанамонро наҷот диҳад. Аз ин лиҳоз, Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва бо гузашти солҳо метавон гуфт, ки вакилони мардумӣ аз иҷрои вазифаи худ сарбаландона баромада, аз интихоби номзади арзанда, Пешвои муаззам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми тоҷикону тоҷикистониён қаноатманд мебошанд.

Сипас, устоди Донишкадаи куҳӣ – металлургии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод Хуршед Юсупов дар мавзӯи «Рушду инкишофи соҳаҳои хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли таърихӣ» маърӯза кард.

Иштирокчиёни Иҷлосияи тақдирсоз Қурбонов Э.С. ва Фатҳиддинов Б. аз солҳои мудҳиши он давра ёдовар шуда қайд намуданд, ки маҳз дар Иҷлосияи тақдирсоз аз минбари баланди он Пешвои маҳбуби кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат баҳодурона қадам гузошта, зимоми давлатдории навини миллии тоҷикро ба зиммаи хеш гирифтанд ва давлатдории миллии тоҷикон аз нобудӣ наҷот ёфт.

Мамнури МЭЛС

Add comment


Security code
Refresh