Танзим ба манфиати ҷомеа

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони шаҳри Гулистон, даъвати панҷум бо иштироки раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муқимҷон Саидов баргузор гардид.

Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони шаҳр, даъвати панҷум масъалаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва татбиқи "Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020", ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Истиқлол» №8, С.Бойматова оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ ва тасдиқ намудани қарорҳои Раиси шаҳрро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Оид ба рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Мадализода Илҳом Раҳим маърўзаи муфассал намуд. Аз ҷумла, таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва мақомотҳои худидоракунии шаҳрак ва деҳот, аъзои комиссияи доимӣ, сохторҳои марбута баҳри таъмини ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти беҳуда, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ мерасонад, як қатор тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуданд.

Оид ба масъалаи дуюм муовини раиси шаҳр Оқилзода Ғайрат Аҳмад тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти экстремизм ва терроризм ҳамчун як кишвари фаъол мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh