Пешвои миллат дар ситоиши омӯзгор

Омўзгор машъали фурўзонест, ки ба ботини одамон  нур мебахшад.  Омӯзгор мисли боғбонест, ки навниҳолакону наврустаҳои боғи зиндагиро бо меҳру муҳаббати беандоза мепарварад, то онҳо беосеб ба камол расанд ва меваҳои пурсамар ба бор оранд.

Беҳуда нест, ки ниёгони шуҳратманди мо, бузургони адабиёти қадиму пурғановати оламшумуламон дар тамоми давру замонҳо омӯзгор, муаллим, устодро ситоиш кардаанду   ҳамду саноҳо хондаанд. Камолиддин Биноӣ устодро «аз падар пеш» гузоштааст. Шайх Саъдии Шерозӣ «ҷабри устодро беҳ зи меҳри падар» гуфтааст. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:


Агар дар ҷаҳон набвад омўзгор,

Шавад тира аз бехирад рўзгор. 

***

Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад. 

***

Дар тарбияи насли худогоҳу худшинос мактабу муаллим нақши муҳим доранд ва онҳо воқеан ганҷинаи маънавии халқамон ба ҳисоб мераванд. 

 ***

Мусаллам аст, ки фаъолияти омӯзгор асосан аз ду самт ё ҷанбаи муҳим иборат аст: таълим ва тарбия. Ин ду самт ба ҳамдигар пайванди узвӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Омӯзгори асил бояд ин пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад.

 ***

Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».

***

«Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд».

Add comment


Security code
Refresh