Манфиати абарқудратҳо монеаи асосии сулҳ дар Сурия
- Details
- Published on Friday, 28 April 2017 11:55
Ҳаводиси ахири ҷаҳон инсониятро дар рӯ ба рӯи як мушкилоте гузошт, ки аз он раҳо ёфтан кори саҳлу содда нест.
Агар ба сархатти ахбори ҷаҳон дар ҳафтае, ки гузашт, назар афканем, хуб равшан мешавад, ки манфиатҳои абарқудратҳо дар масоили Сурия ва идомаи даргириҳо боз ҳам печидатар мегарданд. Амрико бори дигар қудрат ва тавоноии хешро ба чашми ҷаҳониён нишон дода, ба ин васила мехоҳад худро ҳамчун қудратмандтарин кишвари ҷаҳон муаррифӣ намояд. Аммо дар баробари ИМА як кишвари дигаре бо номи Русия низ ҳаст, ки замоне нисфи дунёро дар ихтиёр дошту имрӯз мехоҳад он нерӯю тавони аз даст додаи хешро аз нав ба қабзаи дасти хеш гирад.
Хуб бармегардем, ба сархатти хабарҳои муҳими ҷаҳон. Амрико ба мақсади нест кардани яроқҳои кимиёвӣ як пойгоҳи ҳавоии Сурияро мушакборон намуд. Дар Афғонистон нерӯҳои ҳавоии Амрико вазнинтарин ва мудҳиштарин яроқи ғайриҳаставиро бо номи “Модари бомбаҳо”, ки наздики 10 тонна вазн дорад, мавриди истифода қарор доданд. Бо мақсади ҳамлаҳои эҳтимолӣ нерӯҳои ИМА ба соҳилҳои Курияи Шимолӣ наздик шуданд, ки ин шадидан норизоияти Пхенянро ба бор овард. Пешвои кишвари Куриёи Шимолӣ бо артиши тавонои якмиллионнафара омодагии хешро барои зарба задан ба нерӯҳои Амрико баён намуд.
Чуноне, ки аз сархатти хабарҳо бармеояд, вазъи ҷаҳони имрӯз муташанниҷ боқӣ мондааст ва пеш аз ҳама, кишварҳои абарқудрат мехоҳанд манфиатҳои хеш ва тавону нерӯмандиашонро дар арсаи ҷаҳон нишон диҳанд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар ҷанги дохилии Сурия, ки баъди қиёмҳои мардумӣ ва саркӯби онҳо аз тарафи ҳукумат шурӯъ шуд, то кунун бештар аз 300 ҳазор нафар кушта шудаанд. Дар ин ҷанг Русияву Эрон ба ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асад кумак мекунанд ва Амрикову Туркия ва дигар кишварҳои ғарбӣ ба гурӯҳҳои ошӯбгаре, ки ба зидди ҳукумат меҷанганд.
Ҳукумати Тоҷикистон борҳо назари хешро дар мавриди ҷанг дар Сурия изҳор намудааст ва он бояд бо такя ба имконоту салоҳиятҳои Созмони Миллал ва Созмони ҳамкориҳои Исломӣ хотима дода шавад. Аммо, мутаассифона, имрӯз ба таври равшан муайян мешавад, ки сарриштаи ҳалли масъалаҳо аз дохили худи Сурия берун рафта ва дар дасти абарқудратҳост, ки ҳар яке дар Ховари Миёна манофеи гуногуни сиёсӣ ва иқтисодиву геополитикӣ доранд. Ба ҳамин хотир, авзоъ дар Шарқ ва махсусан дар Сурия печидатар боқӣ мемонад ва роҳи наҷот, хотимаи ҷанг ва расидан ба сулҳ бо сабабҳое, ки дар боло зикр кардем, дар солҳои наздик ҳалли худро тақозо дорад.
Нӯъмон Раҷабзода