Аҳлона мулкамонро обод намоем!
- Details
- Published on Thursday, 27 April 2017 08:37
Солҳои аввали Истиқлолият барои мардуми мо давраи санҷиши сахту сангини таърих буд. Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷангро хуб дар ёд доранд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт. Солҳое шуд, ки мардуми кишвар дар хунуктарин давраи сол ҳамагӣ як - ду соат барқ мегирифтанд ва баъзе рӯзҳо умуман бебарқ мемонданд. Муассисаҳои барои мардум ҳаётан муҳим - мактабҳо, беморхонаҳо ва корхонаҳои саноатӣ кор намекарданд. ҳамаи ин, албатта, ба шароит ва сифати зиндагии мардум, рушди иқтисод ва ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонид.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат зикр мешавад, ки қариб даҳ соли Истиқлолият тамоми нерӯ ва талошҳои ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ равона гардидааст. Дар кишвар танҳо аз охири солҳои 1990-ум барои таҷдиду сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва манзилҳои зисти харобгардида аввалин барномаи барқарорсозӣ амалӣ карда шуданд. Танҳо дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд.
Музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд. ҳамаи ин боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣ гардид. Аз 14-уми январи соли 2017 оғоз карда, дар кишварамон маҳдудияти барқ аз байн бардошта шуд, ки қадами қатъӣ сӯи амалӣ намудани стратегияи сеюми ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дастовардҳои кишвари мо дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, ки давоми ин солҳо ба даст овард, маҳз самараи Истиқлолият мебошанд ва халқи тоҷик дар фазои Ваҳдату ягонагӣ ва оромиву субот ҳар рӯз дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадамҳои устувор гузошт.
Аммо то ҳанӯз, сарварон ва аъзоёни ҳизби дар кишвар мамнӯъгаштаи назҳати ислом баҳсу мунозираҳо, баромадҳои бемаврид ва бемазмунро баён менамоянд. Дини мубини Ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва тӯҳматро маҳкум месозад. Шаҳрвандони мо, халқи фарҳангпарвари кишварамон ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунанд, зеро озодиву Истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мақсади асосии мо Ваҳдат, ягонагӣ, якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа аст.
А.Бердишукуров,
Р.УСАНОВ,
дотсентони кафедраи сиёсатшиносӣ
ва фарҳангшиносии Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров