Таваҷҷўҳи хоса ба дастгирии ҷавонон

Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

Санаи 25-уми апрели соли 2017 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва бо иштироки муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, ҷавонони фаъол ва дигар шахсони дахлдор иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум доир гардид.

Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум бо сухани муқаддимавии Раиси вилоят ва садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардид ва дар он аз 70 нафар вакилон 62 нафар иштирок намуда, 10 масъаларо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз рўи масъалаи аввал «Оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2016, №4 «Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2018» муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ маърўзаи пурмўҳтаво намуд.

- Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар самти дастгирии ҷавонон тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, ба ин қишри ҷомеа таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад, - зикр намуд Назира Ғаффорӣ.

- Махсусан, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 – ро Соли ҷавонон эълон намуданд, ин бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи Фармони Президенти мамлакат вобаста ба Соли ҷавонон, дастуру супоришҳое, ки зимни аввалин ҷаласаи Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат баён шудаанд, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», барномаву стратегияҳои давлатӣ вобаста ба масъалаҳои ҷавонон пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад. Аз ҷумла, қарорҳои дахлдори Раиси вилоят дар ин самт ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои амалигардонии барномаву стратегияҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои ҷавонон тасдиқ гардида, татбиқи онҳо бомаром ҷараён дорад.

Дар ин радиф, дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят баррасӣ ва натиҷагирӣ намудани рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2016, №4 «Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2018» хеле муҳим ва саривақтӣ буда, барои ҳалли муаммоҳои ҷойдошта дар самти масъалаҳои ҷавонон ва самарабахш амалӣ гардидани Барномаи мазкур мусоидат хоҳад намуд.

Дар Барнома бо назардошти соҳаҳои афзалиятноки ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон 10 самти асосӣ муқаррар гардидаанд, ки иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, шуғлнокии ҷавонон, таъмини тарзи ҳаёти солим, таҳсилоти муносиб, таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон, таъмини мустақилияти иқтисодӣ, тарбияи ватандўстӣ, ахлоқи ҳамида ва фарҳангдўстӣ, ҷанбаъҳои илмии сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумлаи онҳоянд.

Қобили қайд аст, ки ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур дар ҳудуди вилоят қарори Раиси вилоят аз 18 феврали соли 2016, №101 ва қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ тасдиқ ва амалӣ гардида истодаанд.

Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, аз теъдоди умумии аҳолии вилоят наздик 802000 (31 фоиз) нафарро ҷавонони синни аз 14 то 30-сола ташкил медиҳанд, ки аз ин миқдор 398600 нафари онҳоро (49 фоиз) духтарон ташкил медиҳанд.

- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамаи иқдому ташаббусҳои ҷавононро мунтазам ва ҳаматарафа дастгирӣ намуда, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон ва фаъолгардонии иштироки онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст. Дар ин замина, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар соли 2016 ва се моҳи аввали соли 2017 беш аз 5100 чорабинии мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, тарбиявӣ, варзишию солимгардонӣ, илмию маърифатӣ, таълимиву зеҳнӣ ва амсоли инҳо аз рўи 10 самти афзалиятноки Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар байни ҷавонони вилоят гузаронида шуданд, - зикр гардид дар маърўза.

Қобили қайд аст, ки тибқи маълумотҳои пешниҳод намудаи Сарраёсати молияи вилоят дар соли 2016 барои амалисозии барномаҳо дар самти ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз ҳисоби буҷети вилоят 1 миллиону 613 ҳазору 698 сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд. Илова бар ин, бо қарорҳои алоҳидаи Раиси вилоят ҷиҳати дастгирии ҷавонон, ба истироҳату фароғат фаро гирифтани ҷавонону наврасони лаёқатманди вилоят ва ҷумҳурӣ ва ба лагерҳо сафарбар намудани онҳо, дастгирии Маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобон ҷиҳати иштирок дар намоишҳои берун аз ҷумҳурӣ, таъсиси стипендияи Раиси вилоят барои ҳунармандон ва адибони боистеъдоди ҷавон, баргузории фестивал – озмунҳо байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 745000 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Ҳамагӣ дар соли 2016 аз буҷети вилоят бо мақсади рушди ҷавонон 2 миллиону 358 ҳазору 698 сомонӣ ҷудо шудааст.

 Муовини Раиси вилоят роҷеъ ба масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла, тарбияи кадрҳои ҷавон, иштирок дар чорабиниҳо, илмомўзӣ ва тарзи ҳаёти солими ҷавонон, ба шуғл фаро гирифта шудани онҳо, густариши эҳсоси ватанпарастӣ ва роҳ надодан ба амалҳои номатлуб ҳарф зада, ҳамзамон, таъкид дошт, ки солҳои охир теъдоди ҷавонони соҳибкор дар вилоят зиёд гардидааст.

Тибқи маълумотҳои расмии оморӣ дар вилоят беш аз 6000 ҳазор нафар соҳибкорони ҷавон ба қайд гирифта шудаанд. Бояд қайд намуд, ки солҳои охир то 40 фоизи корхонаву коргоҳҳои навтаъсис аз ҷониби соҳибкорони ҷавон созмон ёфтааст. Масалан, аз 170 корхонаву коргоҳи нави соли 2015 бунёдшуда 68 ададашро соҳибкорони ҷавон мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд. Аз ин лиҳоз, нақши босазои ҷавонон низ дар рушди иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла, вилоят бешубҳа мушоҳида мегардад. Ин раванд соли 2016 низ идома ёфта, аз 98 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ 40 адади он бо саҳмгузории соҳибкорҷавонони бонангу номус бунёд карда шуд.

Шоистаи таъкид аст, ки дар партави сиёсати созандаву хирадмандонаи Пешвои миллат ва бо иқдоми неки Раиси вилоят хоҷагиҳои калонҳаҷм ва ташкилотҳои кишоварзӣ мавриди таҷдид қарор гирифта, имрўз ҳамаи саҳмдорон соҳиби замин гардиданд. Тайи солҳои охир ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ идома дода шуда, шумораи хоҷагиҳои инфиродиву оилавӣ ва деҳқонӣ ба 62 ҳазор адад расонида шуда, шумораи саҳмдорон 321 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки теъдоди муайяни онро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Ин ташаббус ба ҷавонон имконият фароҳам овард, ки онҳо соҳиби замин ва ҷойи кори доимӣ гарданд. Аз ҷониби дигар, таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ барои коҳиш додани сафи муҳоҷирони меҳнатӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб таъсири мусбии худро расонида истодааст.

- Бо иқдоми наҷибонаи Раиси вилоят тайи ду соли охир гусели ботантанаи наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, бо иштироки васеи ҷавонони то синни даъватӣ ва донишҷўён баргузор мегардад, ки ҳисси ватандўстиро дар вуҷуди иштирокчиён ва бинандагон бедор намуда, сафи хоҳишмандону ихтиёриёнро сол аз сол меафзояд, - зикр дошт Назира Ғаффорӣ.

Вале дар баробари ин муваффақиятҳо мутаассифона, иҷрои нақшаи даъват ба сафи Артиши миллӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла, шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Исфара ба мушкилӣ иҷро мегардад. Ҳамчунин, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон дар ҷамоатҳои деҳоти Ашти ноҳияи Ашт, Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов ва маҳаллаи Тути Калони шаҳри Хуҷанд иҷро нагардид.

Ҳамзамон, дар иҷлосия доир ба ин масъала вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Донишгоҳ”, №38 Рухсора Давлатзода, аз ҳавзаи интихоботии Бофанда, №2 Ҷамшед Ҷўразода, аз ҳавзаи интихоботии Вору, №28 Муаззам Ансорӣ, аз ҳавзаи интихоботии Ҳайдар Усмонов, 68 Тўхтабой Раззоқов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Олимҷон Зоҳидзода ба сухан баромада, роҷеъ ба иҷрои сифатноки Барномаи мазкур андешаронӣ намуданд.

Аз рўи масъалаҳои дигар вакилони халқ ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии «Ғафурҷон Ортиқов», №20 Нигора Ғаффорзодаро оид ба иҷрои ваколатҳои вакилиаш шунида, дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакил аз ҳавзаи интихоботии “Исфисор”, №62, дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакили хориҷшуда ва дар бораи ташкили комиссияи вилоятии интихобот қарорҳо қабул намуданд.

Дар иҷлосия ҳамзамон, масъала оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вакилон дархости маҷлисҳои вакилони халқи маҳаллиро дар асоси хулосаҳои комиссияи вилоятии номгузорӣ баррасӣ намуданд. Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар ин замина, дархости Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳро оид ба таъсис додани шаҳраки навбунёди Меҳробод, иваз намудани номи мавзеи Майдончаи комсомол ба Азизобод, дархости Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Аштро оид ба табдили номи деҳаи Ўрмонтол ба Бедзор, ивази номи деҳаи Қирққудуқ ба Чилчашма, дархости Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳристонро оид ба тасдиқи нақшаи генералии маркази ноҳия ва дархости Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафарободро доир ба тасдиқи нақшаи генералии шаҳраки Зафаробод қонеъ гардониданд.

Дар иҷлосия инчунин, як қатор қарорҳои Раиси вилоят оид ба тағйироти кадрӣ ва маблағгузорӣ тасдиқ гардид.

Бо садо додани Суруди Миллӣ иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум ба кори худ ҳусни анҷом бахшид.

Пас аз иҷлосия Раиси вилоят бо иштироки масъулини соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ машварати корӣ доир намуд. Дар машварат ба роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва мутасаддиёни соҳа барои иҷрои саривақтии нақшаи сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъоварии андозҳои давлатӣ, пардохти қарзи маоши кормандони соҳаи буҷетӣ, вусъати кишти баҳории зироатҳо, аз ҷумла, пахта ва сабзавоту полезиҳо, тақсимоти тухми кирмак, вусъати корҳои ободонию гулкорӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашнҳои бузурги миллӣ – 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 Хабарнигори
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh