Бо фарҳанги воло дар рушди кишвар саҳм гузорем!

Ватани азизи мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба бисёр мушкилоти сахту сангин рў ба рў шуд. Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба ўҳда гирифтанд ва дар як муддати кўтоҳ тавонистанд барномаи бузурги сулҳофариниро дар амал татбиқ намоянд ва ба ҷаҳониён фарҳанги тоҷиконро нишон диҳанд.

Сарвари давлат дар дохил ба ҳама гуна низоъ ва душманӣ хотима бахшида, дар дунё давлатеро бо номи Тоҷикистон муаррифӣ намуданд. Дар шароити муосир новобаста аз мушкилоти бузурги иқтисодиву молиявии ҷаҳон, шукрона, Тоҷикистон ҳамчун давлати озод сиёсати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро муназзам пеш бурда истодааст. Аз ин дастовардҳо бояд шукрона намуд, лекин ашхосу гурўҳҳое низ ҳастанд, ки ба қадри ин бузургиҳо намерасанд, балки тавассути ҳаракатҳову фаъолияти ғайриқонунии худ мехоҳанд ба ҳаёти осоиштаву муназзами кишвар таъсири мунофиқонаи худро расонанд.

Аз ҷумла намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ ва ҷонибдорони онҳо мехоҳанд, андешаҳои бадкирдоронаи худро баён намоянд.

Бояд гуфт, ки дар кишвар мувофиқи қонун аҳзоби сиёсие, ки дар асоси меъёрҳои қонунӣ фаъолият мекунанд, имрўз амал намуда истодаанд. Мардум нисбати фаъолияти аҳзоби сиёсӣ аз рўи фаъолият ва натиҷаи он барои рушди ҷомеа баҳогузорӣ мекунанд. Инро интихоботҳо ба парлумони кишвар, ки баргузор гардиданд, баръало нишон доданд. Аз натиҷаи ин маъракаҳои сиёсӣ рейтинг ё мақоми ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар равшан маълум мегардад.

Дар як мусоҳибаи худ Кабирӣ зикр мекунад, ки гўё дар интихоботи соли 2010 ҳизбаш овозҳои зиёд гирифт, ки ин бўҳтони маҳз мебошад. Зеро интихобот таҳти назорати намояндагони дохилӣ ва хориҷӣ мегузарад, ки ба он дар Тоҷикистон баҳои баланд додаанд. ҲНИТ дар асоси пеш бурдани сиёсати ғаразкорона ва зиддидавлатӣ ҳамчун ҳизби тахрибкор манъ карда шудааст.

Роҳбари ин ҳизб М.Кабирӣ паёмади иқдомҳои худро эҳсос намуда, бо аҳли оилааш ба хориҷи кишвар фирор кард ва гоҳу ногоҳ бо ҳар баҳонае ҳамчун «коршинос» ҷумҳурии мо ва ниҳодҳои марбутаи онро мавриди танқид қарор медиҳад, ки онҳо аслан бунёде надоранд.

Қувваҳои бадхоҳ ҳанўз ҳам мехоҳанд, ки сулҳу суботи кишварамонро дар даврони Истиқлолият ноором созанд, зеро дар мусоҳибааш Кабирӣ дар бораи бунёди коалитсияи нав сухан гуфтааст, ки ин ниятҳои нопоки ўро дар хориҷи кишвар нишон медиҳад.

Лекин хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромўш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад. Ҳамин буд, ки бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар сохторҳои низомӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар мўҳлати кўтоҳтарин нақшаҳои ҷинояткоронаи террористонро барҳам заданд, оромии Ватани азизамонро ҳифз ва таъмин намуданд.

Ҳар қадар дар ҷомеа барои одамон озодиҳои демократӣ муҳайё шавад, сатҳи муайяни шуурнокии сиёсӣ инкишоф ёфта, доираи ҳуқуқу озодиҳои онҳо зиёд мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитро барои рушди ҳамаи гурўҳҳои иҷтимоӣ муҳайё намудааст, ки аз ин мо, шаҳрвандон, бояд шукрона намоем. Ҷаҳони муосир пуртазод аст, ки он манотиқи гуногуни оламро фаро гирифтааст, лекин шукрона, кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали Истиқлолият худшиносиву худогоҳиро дар мадди аввал гузошт. Мардумро ба якдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва сулҳи устувор даъват намуд. Имрўз мо тамоми қишрҳои ҷомеа, бояд аз рўи ин принсипҳои созанда, ки рушди минбаъдаи ҳар як давлатро нишон медиҳанд, кору фаъолият намоем. Ҷомеаи имрўзаи мо бо суботи комили сиёсӣ пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҳо дастгирӣ намуда, ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд.

Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ корҳое иҷро гардиданд, ки мислашон дида нашуда буданд. Аз ин лиҳоз, мо набояд ба суханпардозиҳои беасос гўш андозем, балки бо фарҳангу маърифати баланди ватандўстӣ баҳри гул-гулшукуфии Тоҷикистони азиз кору амал намоем.

 Б.АЛИМОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh