Тадбирҳои пешгирии падидаҳои номатлуб зеҳннишин бошанд

Зуҳуроти номатлуби бунёдгароӣ, тундгароӣ, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ дар маҳрумиятҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ реша дошта, қишрҳои камфаъол ва камзарфияти иҷтимоӣ ба ин гурўҳҳо шомил мегарданд. Одатан, ҷавононе, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд.

Сабабу омилҳои гароиши бархе аз ҷавонон ба ин ҷараён тайи солҳои гузашта паст будани сатҳи огоҳии ҷавонони мусулмон аз мазмун ва моҳияти дини мубини Ислом, коҳиши асосҳои ахлоқӣ буд.

Тарафи дигари масъала он аст, ки муҳоҷирати шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон ба Русия боиси афзоиши шумораи фарзандони дур аз назорат шудааст.

Ба доми ин гурўҳҳо бештар ҷавонони муҳоҷир гирифтор мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд.

Барои ҷилавгирӣ намудан аз ин зуҳуроти манфӣ Хадамоти муҳоҷирати кишвар ва Шўрои уламоро лозим аст, ки фаъолияти худро тақвият бахшида, бо муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарчӣ бештар вохўрию сўҳбатҳо анҷом диҳанд. Ҳамчунин, ташаккул ва тақвият додани идеологияи миллӣ, ки асоси онро сулҳ ва Ваҳдати миллӣ ташкил менамояд, аз омилҳои муҳими ҷилавгирии ҷавонон аз гаравидан ба гурўҳҳои ифротию тундгарои исломӣ шуда метавонад.

Тамоюл ва гароиши баъзе ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу равияҳо боиси ихтилоф, тафриқа ва нооромии ҷомеа мегардад. Дар ин ҷо тарбияи дурусти динии фарзандон дар айёми ҷавонӣ бисёр муҳим аст. Агар дар ҳамин давра маълумоти лозим ва дурусти динӣ ба онҳо дода нашавад, эътиқоди онҳо мумкин аст, ноқис монад. Натиҷа чунин мешавад, ки ҳар инсон ё гурўҳи ғаразнок онҳоро фиреб диҳанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз назорати сусти баъзе падару модар ва роҳбарону кормандони муассисаҳои таълимӣ истифода намуда, гурўҳҳои тундраву ифротгаро кўдакону ҷавонони бетаҷрибаро ба кирдорҳои номатлуб ҷалб менамоянд. Мутаассифона, падару модароне ҳастанд, ки нисбати тақдиру ояндаи фарзандони худ бетафовут мебошанд. Баъзе падару модар ҳатто фарзандони ноболиғи худро бо роҳҳои ғайриқонунӣ барои таҳсил ба хориҷи кишвар мефиристоданд. Ва намедонанд, ки фарзандонашон ба ҷои таълим ба чӣ корҳо машғул мешаванд.

Тадбирҳои солҳои охир андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бозгардонидани чунин ҷавонон аз хориҷи кишвар бамаврид аст.

Бузургони миллат ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар медонанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хоинонаи ашхоси хиёнаткорро маҳкум намуда, ба онҳо нафрат мепарваранд.

Дар робита ба ин, барои пешгирии зуҳуроти экстремистӣ ва террористӣ ба масоили ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, тавсеаи корҳои равонӣ, рушди мубориза бо терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоию сиёсӣ, ҳамоҳангсозии нерўи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм бояд таваҷҷўҳи бештар зоҳир карда шавад.

Барои муборизаи мақсаднок ва пайваста бар зидди падидаҳои номатлуб, аз қабили радикализм, зуҳуроти он дар шакли экстремизм ва методи амалисозии он, яъне терроризм дар байни наврасон ва ҷавонон ба андешаи мо таҳияи барномае оид ба пешгирии масъалаҳои радикализм байни ҷавонон хеле муҳим хоҳад буд.

Ҳ.ТОАТОВ,
дотсенти Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh