Мардуми тоҷик ба қадри Ваҳдату оромӣ мерасанд!

Дар мусоҳибаҳои охирини худ роҳбари ҳизби мамнўъгаштаи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон М.Кабирӣ ақидаи худро нисбат ба масъалаҳои сиёсиву амниятии Тоҷикистон ва минтақа баён намудааст, ки аксаран ҷиҳати нигаронкунанда ва нигоҳи манфӣ доранд. Номуваффақии сиёсӣ ва аз боварии мардуми тоҷик баромадани нерўи сиёсии ў то як андоза сабаби он шудааст, ки М.Кабирӣ танҳо ба масъалаҳо назари манфӣ дошта бошад ва дастовардҳову кўшишҳои созандагии халқи шарифи Тоҷикистонро нодида бигирад.

Аз он ҷумла, яке аз фарзияҳои баёншуда он аст, ки гўё дар оянда аз ҳисоби собиқ ҷангиёни ДИИШ ва дигар гурўҳҳои ифротӣ дар минтақаи Осиёи Миёна гурўҳҳои нави ифротӣ зуҳур мекунанд.

 Чунин баёни андеша аз якчанд ҷиҳат беасос аст. Аввалан, кишварҳои фаъоли бар муқобили ДИИШ муборизабаранда намегузоранд, ки ҷангҷўёни ин муҳорибаҳо ба фазои васеътаре, аз он ҷумла, ба Осиёи Марказӣ, ки ҳамчун сарҳади амниятии Россия низ шинохта мешавад, паҳн гарданд.

Дувум, таҳаввулоти охир дар набардҳо нишон медиҳанд, ки гурўҳи зиёде аз размандагони ифротӣ ва кироя аз фиребу найрангҳои қувваҳои манфиатҷў пушаймон гаштаанд ва чуноне, ки ВАО нишон медиҳанд, гурўҳ-гурўҳ яроқу лавозимоти ҷангии худро супорида истодаанд. ҳамчунин, огоҳии ҷавонон боис шудааст, ки шумори зиёди онҳо аз чунин гурўҳҳо гурехта истодаанд. Сафи пайвастшавӣ низ рўз аз рўз дар коҳиш аст.

Сеюм, худи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла, Тоҷикистон дар самти мубориза бо гурўҳҳои ифротӣ ва ҷангҷў дар шароити муосир хеле фаъол мебошад ва аз таҳдиди харобкунандаи он воқиф аст. Дар ин самт барнома ва чорабиниҳои зиёди байнидавлатӣ ва дохилидавлатӣ андешида шудаанд. Хусусан, ба масъалаи пешгирии ин зуҳурот таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Мардуми кишвар ва хусусан, ҷавонон ҳамеша аз он огоҳ карда мешаванд, ки паёмадҳои ифротгароӣ ва терроризм барои рушди ояндаи давлатдории мо нигаронкунанда мебошанд ва танҳо Ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдилӣ, амнияту субот рушди кишвар ва саодати шаҳрвандонро таъмин мекунанд.

Ҷ.ЯЪҚУБОВ,
Ш.СОЛИЕВ,
устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh